Кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ давоми ҳафт рӯз 1 ҳазору 381 адад ҳолатҳои қонуншикании пиёдагардонро дар роҳҳои пойтахт ба қайд гирифтаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, дар ин давра панҷ ронанда боздошт шудаанд, ки дар ҳолати мастӣ автомашинаро идора мекарданд. Миёни онҳо ронандаи таксӣ Аъзам Воҳидов, ронандаи автомашинаи тамғаи Ласети (рақ. давлатӣ 5440) ҳузур доранд.

Барои истифодаи телефони мобилӣ ҳангоми сари чанбараки автомашина қарор доштан 404 нафар ронандагон ҷаримабандӣ шудаанд.

Дар байни ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ 177 ҳолати худсарона баромадан аз хати сайр ва 262 ҳолати аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон ба қайд гирифта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.