Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Умед Бобозода зимни ншасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русияро нисбати муҳоҷирони кории чанде қабл боздошшудаи тоҷик ғайриинсонӣ мешуморад.

“Рафтори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нисбати муҳоҷирони тоҷик ғайриинсонӣ аст. Дар доираи санадҳои ҳуқуқӣ мо тафтиши ин ҳодисаро талаб мекунем”, - гуфт ӯ.

Умед Бобозода қайд кард, ки ниҳоди зертобеъи ӯ бо дархости баҳои ҳуқуқӣ додан ба ин рафтори кормандони пулиси Русия ба унвони Омбудсмени Русия мактуб фиристодааст.

“Ба Омбудсмени Русия Татяна Москалкова мактуб фиристодем ва дархост намудем, ки ба ин рафтор вокуниш нишон дода шавад. Аз он замон аллакай 10-12 рӯз сипарӣ шуда, лекин то ҳол посухе нарасидааст. Бовар дорам, ки посух мегирем. Ин масъала дар доираи қонун баррасӣ мешавад”, - қайд кард ӯ.

Омбудсмени Тоҷикистон ҳамчунин амали васоити ахбори умуми Русияро, ки танҳо симои манфии муҳоҷирони тоҷикро инъикос мекунанд, маҳкум намуд.

“Ин масъалаи хеле муҳим аст. Шаҳрвандони мо дар Русия натанҳо аробакашанд, балки дар он ҷо намояндагони зиёиён, табибон ва дигар шахсони касбу кори гуногун зиндагӣ доранд. Мисолҳои зиёде гувоҳи онанд, ки шаҳрвандони мо дар Русия унвони илмӣ ҳимоя карда, асару китобҳои дарсӣ навиштаанд”, - иброз дошт вай.

Ӯ ба журналистон итминон дод, ки ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони ҷумҳурӣ дар ин самт бо ҳамтоҳои русиягии худ ҳамкорӣ дошта, зимни вохӯриҳо масъалаи боло бурдани нуфуз (имиҷ)-и муҳоҷири тоҷикро ба миён мегузорад.

Ёдрас мекунем, ки ҳашт нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба гумони даст доштан дар куштори Сергей Чуев, устоди гуштии юнониву румии Русия дар Маскав то моҳи август ба ҳабс гирифта шуданд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.