Сармутахассиси шуъбаи таъминоти нафақа тӯли 2 сол ба сохтакории ҳуҷҷатҳо машғул шуда, бо ин роҳ маблағ ба даст овардааст.

Ҳанифа Касирова дар вазифаи сармутахассиси шуъбаи таъминоти нафақаи Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе кор карда, дар раванди фаъолияти кориаш бо истифодаи ваколатҳои мансабдорӣ, аз моҳи феврали соли 2017 то моҳи июни соли 2019 бо роҳи сохтокории ҳуҷҷатҳо ба номи 20 нафар шаҳрвандон машғул будааст. Дар ин бора Маркази матбуоти Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ иттилоъ медиҳад.

Ӯ маблағи умумии 105.730,84 сомонӣ талабот нишон дода, ин миқдор маблағро ба воситаи рақамҳои асноди нафақавӣ ба суратҳисоби бонкии нафақахӯрон гузаронида, онҳоро тавассути кортҳои пластикии БДА ҶТ “Амонатбонк” тариқи нақдӣ гирифта, ба манфиати шахсии худ сарф кардааст.

Ҳанифа Касирова бо ин кирдори худ ба давлат зарари калони моддӣ расонидааст. Нисбат ба ӯ бо моддаи 245 қисми 3 банди “а” (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 340 қисми 2 банди “а” (Сохтакорӣ, тайёр кардан ё ба соҳибияти каси дигар додани ҳуҷҷат, мукофоти давлатӣ, штамп, муҳр ва бланкаҳои қалбакӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.