Зимни баргузории санҷиш дар маркази бозиҳои компютерии воқеъ дар кӯчаи Ҳуснободи ноҳияи Сино, ки ба шаҳрванд Мансур Ҷалолов тааллуқ дорад, кормандони милитсия дар он 8 нафар ноболиғонро ошкор карданд, ки дар ин вақти шабонарӯз дар марказ ҳузур доштани онҳо ғайриқонунӣ буд.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, барои иҷозат додани ноболиғон дар ин марказ нисбат ба соҳибмулк Мансур Ҷалолов маводи зарурӣ тартиб дода шуда, фаъолияташ муваққатан қатъ карда шуд.
Гуфта мешавад, нисбат ба падару модарони ноболиғон дар асоси моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, онҳоро ҷарима бастанд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи апрели соли 2018 палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон тағйироти аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда ба қонун “Дар бораи масъулияти падару модарон дар таълим ва тарбияи фарзандон”-ро тасдиқ кард.
Мувофиқи ин тағйирот, ба шаҳрвандони ноболиғи кишвар аз соати 18-и шом то 6-и субҳ ҳузур доштан дар маҳфилҳои шомгоҳӣ, маҳфилҳои рақсу мусиқӣ (дискотекаҳо), марказҳои компютерӣ, идораҳои букмекерӣ, тарабхонаҳо ва дигар марказҳои дилхушиву қиморхонаҳо қатъиян манъ шуд. Манъи ҳузур дар ин ҷойҳо дар вақти муқарраршуда ба ҳамаи шаҳрвандони синни то 18-сола дахл дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.