Адвокат ҳангоми гирифтани 1500 доллар, ки онро гӯё барои ҳалли баҳси манзил ба судя медодааст, боздошт гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ гирифта шудааст.

Бино ба иттилои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҶТ, 14-уми январи соли равон шаҳрванд “А” бо ариза ба раёсати Агентӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат кардааст, ки нисбат ба ҳимоятгари Маслиҳатхонаи ҳуқуқии №1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Иноятова Парвина Саидмировна чораҳои қонунӣ андешида шавад.

Номбурда бо истифода аз мақоми хизматӣ аз шаҳрванд “А” барои гӯё ба воситаи судяи суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба манфиати шаҳрванд “Б” ҳал кардани баҳси манзил маблағи 3000 сомонӣ пешакӣ гирифта, боз маблағи 15000 сомонии дигар талаб кардааст.

Аз рӯйи ин ҳолат нисбат ба Иноятова П.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” КҶ ҶТ (Қаллобӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.