Суди ноҳияи Хуросон рӯзи 2 июн дар бораи ҷазои се нафар сокинони ҷамоати Айнӣ, ки рӯзи 29 май хабарнигори “Азия-Плюс” Абдулло Ғурбатиро лат кӯб карданд, қарор содир намуд.
“Пеш аз оғози мурофиа ҷараёни шинохтани ҳамлагарон доир гардида, Абдулло тасдиқ кард, ки онҳо ӯро лату кӯб карданд. Онҳо сокинони ноҳияи Хуросон Суҳроб Бобоев, Абдулмаҷид Давлатов ва Қурбоналӣ Ғуломов мебошанд”, - хабар дод адвокати рӯзноманигор Абдураҳмон Шарипов.
Дар ҳамин ҳол, қайд мебояд кард, ки ҳар сеи ин нафарон ба осебдидагон аз офати табиӣ ва хаймаҳо ҳеҷ муносибате надошта, сокинони деҳаи ҳамсояанд.
Ба гуфтаи Шарипов, мувофиқи қарори суд, се нафар ҳамлагарон мутобиқи моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (майдаавбошӣ) гунаҳкор дониста шуда, ҳар кадоме ба маблағи 10 нишондиҳандаи ҳисоб (580 сомонӣ) ҷарима шуданд.
“Ҳамлагарон амалҳои худро чунин шарҳ доданд, ки гӯё чанде пеш як рӯзноманигор бе иҷоза занеро дар видео наворбардорӣ карда, пас аз ин шавҳараш қарор кардааст, ки аз ӯ ҷудо мешавад. Онҳо Абдуллоро бо штатив ва дастгоҳи аксбардорӣ дида, гуфтаанд, ки сокинони хаймаҳоро аксу наворбардорӣ накунад. Байни онҳо муноқиша сар зада, яке аз онҳо Ғурбатиро мезанад”, - нақл кард адвокат.
Ба гуфтаи ӯ, дар навбати худ суд қарори содиркардаашро чунин шарҳ додааст, ки амали ҳамлагарон барои дигар шахсони гирду атроф хатарнок набуданд.
“Ҳамлагарон бори аввал ба қонуншиканӣ даст зада, ғайр аз ин, вақти муноқиша сар задан рӯзноманигор ба онҳо шаҳодатномаи хабарнигор буданашро нишон надодааст ва ба фаъолияти касбӣ машғул набудааст”, - овард Шарипов гуфтаҳои судяро.
Дар ҳамин ҳол, хабарнигори “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ айбдориашро ба ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзил, дахолат ба ҳаёти шахсӣ ва “дар аҳолӣ бедор кардани ҳисси норозигӣ” қатъиян рад кард.
ВКД Тоҷикистон субҳи 30 май фарзияи худро дар бораи ҳодисаи рухдода бо хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ҷамоати Уялии ноҳияи Хуросон нашр кард. Дар шарҳи ВКД зикр шуд, ки “хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» бархилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии онҳо эътибор надода, хост ворид шуда ҳамсару фарзандон, алалхусус ноболиғон, ки дар хаймаҳо буданд, ба навор гирифта гузориши «ҳангоманок» таҳия намояд”.
“Ӯ инчунин дар вуҷуди сокинони аз офати табиӣ зарардида ҳисси норозигиро ба давлату ҳукумат бедор карданӣ шуд. Чунин рафтори хабарнигор ба сокинон хуш наомад ва онҳо Абдуллоҳи Ғурбатиро аз хаймаҳои худ дур ронда, нагузоштанд шароити зисту зиндагии онҳоро халалдор ва расонаӣ намояд, - қайд шуд дар хабари Вазорат.
Мувофиқи фарзияи ВКД, номбурда ба монеъ шудани сокинони нигоҳ накарда, бо дахолат кардан ба зиндагии шахсии онҳо ба наворбардорӣ машғул гардид, ки дар натиҷа миёни сокинон ва хабарнигор муноқиша ба вуҷуд омада, сабаби вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид.
Ба тасдиқи ин фарзия дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва чанде аз ВАО “Муроҷиатномаи сокинони аз офат осебдидаи ноҳияи Хуросон ба Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва рӯзноманигор Раҷаби Мирзо” пайдо шуд, ки зери он 300 имзо ҷамъ шудааст.
Муаллифони муроҷиатнома тасдиқ мекунанд, ки хабарнигорро касе лату кӯб накарда, ӯро “духтарону занон аз назди хаймаҳо” канор ронда, намехостанд, ки “занону духтарон ва кӯдакони ноболиғро наворбардорӣ кунад”. Онҳо қайд мекунанд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат карда, намегузоранд, ки хабарнигор бе ҷазо монад.
Қайд мекунем, ки рӯзи 2 июн вақте хабарнигорони “Азия-Плюс” бо чанде аз сокинони хаймаҳо суҳбат карданд, онҳо гуфтанд, ки дар ягон коғазе имзо нагузоштаанд ва дар ин бора бори аввал мешунаванд. Сокинони аз сел осебдидаи хаймаҳо ба дигар рӯзноманигороне, ки ба Хуросон омада буданд, низ ҳамин гуфтаҳоро изҳор карданд.
Ғайр аз ин, имзоҳои зери “муроҷиатномаи сокинон” такрор мешаванд, чанде аз онҳоро як шахс навиштааст.
Ин ҳамлаи дуюм ба рӯзноманигори мо мебошад: шоми 11-уми май Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш аз ҷониби шахсони номаълуми ниқобпӯш латукӯб шуд.
ВКД Тоҷикистон рӯзи 15-уми май аз рӯйи далели латукӯби хабарнигор мутобиқи моддаи 237, қ. 2, банди “б” (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Тафтиш аз ҷониби ШВКД ноҳияи Рӯдакӣ ҷараён дорад. Гунаҳкорон то ҳол дарёфт нашудаанд.
Дар ин маводи мо тафсилоти ҳамлаи аввал ба Абдуллоҳ ва таҳдидҳои ба унвони ӯ ирсолшуда инъикос ёфтаанд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз соли гузашта дар “Азия-Плюс” ба фаъолият пардохта, қаблан бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Асосан ба таҳияи маводи видеоӣ машғул аст: аз ҷойи ҳодиса гузориш дода, ҳамчунин дар кӯчаҳо назарсанҷӣ мегузаронад. Чанде пеш дар лоиҳаи нави “Азия-Плюс” – “Навбатдор дар шаҳр” ба сифати ровӣ гузориши навбатӣ таҳия кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Афзоиши нархи патент дар Русия дар соли 2025. Дар кадом шаҳр чӣ қадар мешавад?
Варзишгоҳи нави Душанбе кай ба истифода дода мешавад?
Муаррифони шоиста. Соли 2024 киҳо Тоҷикистонро машҳур карданд?
Муҳлати афви маблағ ва амволи шаҳрвандон бори чаҳорум тамдид шуд
Дар пайи суқути ҳавопаймо ва марги 179 кас дар Куриё. Эмомалӣ Раҳмон ба и.в президенти ин кишвар ҳамдардӣ кард
Ду китоб ва 3 тавсия аз узви ИНТ. Чӣ гуна метавон узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шуд?
Кохи фарҳанги шаҳри Панҷакент ба номи Олим Бобоев гузошта шуд
Дар Соли нав дар кишвар барф намеборад. Ҳаво чӣ гуна хоҳад буд?
Путин қонуни манъи таҳсили фарзандони муҳоҷирон, ки забони русиро намедонанд, имзо кард
Идгардак, либоси бегона, пешвози ҳоҷиҳо ва бо мошин ба мактаб рафтан. Соли 2024 боз чиро расман манъ карданд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста