Ҳамла ба ба хабарнигори “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ шоми 11-уми май ба амал омада, парвандаи ҷиноятӣ аз рӯйи ин далел 14-уми май оғоз шуд. Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ин бора имрӯз хабар нашр кард.

Дар маълумоти сомонаи ВКД чунин навишта шудааст: “11 майи соли 2020 шаҳрванд Ғурбатов Авазмат Умаралиевич, 01.08.1996 соли таваллуд, муваққатан истиқоматкунандаи маҳаллаи Корвони ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат намуд, ки соатҳои тахминан 21.30 дар наздикии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе 2 нафар шахсони ба ӯ ношинос, ки дар рӯй ниқоби тиббӣ доштанд, ба ӯ ҳамла намуда, лату кӯб намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб заданд”.

Гуфта мешавад, тибқи санади тадқиқотии тиббии-судии Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи тиббию судии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 346 аз 12.05.2020 сол, ҷароҳати Ғурбатов А.У. зарари сабуки ҷисмонии ба саломатӣ ҳамбастагӣ надошта, хулосабандӣ шудааст.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби Раёсати тафтишотии Вазорати корҳои дохилӣ бо моддаи 237 қисми 2 банди “б” КҶ ҶТ (Авбошӣ) парвандаи ҷиноятӣ таҳти №38596 аз 14.05.2020 сол оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.

Ба иттилои манбаъ, рафти тафтишоти пешакӣ таҳти назорати доимии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ қарор дорад.

Asia-Plus

Қобили зикр аст, ки бобати ҳамла ба рӯзноманигор созмонҳои байнулмилалӣ ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон вокуниш нишон доданд.

Дар намояндагии дипломатӣ ҳамла ба рӯзноманигорро маҳкум карда, онро “идомаи фишор болои ВАО-и мустақили Тоҷикистон” номиданд.

Сафорат аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки гунаҳкорони ҳамла ба хабарнигор дарёфт ва муҷозот шаванд.

“Шароите фароҳам овардан лозим аст, ки кормандони ВАО бидуни ҳарос аз интиқом кори худро иҷро кунанд”, - қайд шудааст дар изҳороти сафорати ИМА дар Тоҷикистон.

Дар баёнияи худ дар Twitter намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир оид ба ин масъала изҳори назар карда, аз ҳукуматдорони Тоҷикистон ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамлаварони Абдулло Ғурбатиро дархост кард.

“Аз ҳамлаи хушунатомези 2 мард ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз AsiaPlusTj дар Душанбе, Тоҷикистон 11-уми май ваҳшатзадаям. Ман аз мақомот даъват мекунам, ки гунаҳкоронро ҷустуҷӯ карда, ба ҷавобгарӣ кашанд. Воситаҳои ахбори оммаи мустақил иттилоърасони калидӣ барои ҷомеа мебошанд, хусусан, дар замони бемории ҳамагир”, - навишта шудааст дар саҳифаи расмии Ҳарлем Дезир дар Twitter.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз соли гузашта дар “Азия-Плюс” ба фаъолият пардохта, қаблан бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Асосан ба таҳияи маводи видеоӣ машғул аст: аз ҷойи ҳодиса гузориш дода, ҳамчунин дар кӯчаҳо назарсанҷӣ мегузаронад. Чанд рӯз пеш дар лоиҳаи нави “Азия-Плюс” – “Навбатдор дар шаҳр” ба сифати ровӣ иштирок карда буд.

Дар ин маводи мо тафсилоти ҳамла ба Абдуллоҳ ва таҳдидҳои ба унвони ӯ ирсолшуда инъикос ёфтаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.