Намояндаи Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Ҳарлем Дезир имрӯз, 12-уми май дар мавриди ҳамла ба хабарнигори “Азия-Плюс” як баёния нашр кардааст. Ӯ аз ҳукуматдорони Тоҷикистон ёфтану ба ҷавобгарӣ кашидани ҳамлаварони Абдулло Ғурбатиро дархост кардааст.
“Аз ҳамлаи хушунатомези 2 мард ба Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз AsiaPlusTj дар Душанбе, Тоҷикистон 11-уми май ваҳшатзадаям. Ман аз мақомот даъват мекунам, ки гунаҳкоронро ҷустуҷӯ карда, ба ҷавобгарӣ кашанд. Воситаҳои ахбори оммаи мустақил иттилоърасони калидӣ барои ҷомеа мебошанд, хусусан, дар замони бемории ҳамагир”, - навишта шудааст дар саҳифаи расмии Ҳарлем Дезир дар Twitter.
Ёдрас мекунем, шаби 11-уми май, тақрибан соати 21:20 ба хабарнигори Asia-Plus Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш, воқеъ дар қарибии бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе 2 нафари ниқобпӯш бе ягон сабаб дарафтоданд.
Дар ин маводи мо тафсилоти ҳамла ба Абдуллоҳ ва таҳдидҳои ба унвони ӯ ирсолшуда инъикос ёфтаанд.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз соли гузашта дар “Азия-Плюс” ба фаъолият пардохта, қаблан бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Асосан ба таҳияи маводи видеоӣ машғул аст: аз ҷойи ҳодиса гузориш дода, ҳамчунин дар кӯчаҳо назарсанҷӣ мегузаронад.
Чанд рӯз пеш дар лоиҳаи нави “Азия-Плюс” – “Навбатдор дар шаҳр” ба сифати ровӣ иштирок карда буд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.