Як ноболиғ дар шаҳри Ҳисор барои куштори модар ва 2 бародари угаяш ба муҳлати 10 сол аз озодӣ маҳрум шудааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, 12-уми декабри соли 2019 ноболиғ В.М. дар маҳалли зисташ воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати деҳоти Хонақои кӯҳӣ дар заминаи рашку хусумат модараш ва бародарони хурдсоли угаяшро ба қатл расонидааст. Ӯ барои нест кардани изҳои ҷиноят манзили истиқоматӣ ва ҷасадҳоро оташ зада, аз ҷойи ҳодиса фирор кардааст.

Дар шарҳи ин амал гуфта мешавад, ки давоми зиндагии якҷоя модараш нисбат ба ноболиғ муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷрои корҳои хоҷагӣ истифода кардааст. Ҳамчунин фарзандони хурдсолашро нисбат ба ин писари ноболиғ бештар дӯстдорӣ карда, дар ин замина рашку хусумати ӯро ба вуҷуд овардааст.

Аз ҷониби прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбат ба ноболиғ бо аломатҳои моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “а”, “в”, “е” (Одамкушӣ) ва 255 қисми 2 КҶ ҶТ (Қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъд аз анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи хулосаи айбдоркунӣ ба суд ирсол шуд.

Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии ҶТ аз 11-уми июни соли 2020 ноболиғ В.М. гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои баландтарин – 10 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи тарбиявии дорои низоми умумӣ маҳкум карда шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.