Командири ротаи таъминоти моддӣ-техникии қисми ҳарбии 6593-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ Маҳмадраҷаб Қурбонов роҳи нави пулкоркуниро ёфта буд.

Бино ба иттилои Суди ҳарбии гарнизони Душанбе, аз моҳи сентябри соли гузашта то моҳи феврали соли равон ӯ сарбози қаторӣ Маҳмадзариф Саидовро аз хизмат озод карда, ба устохонаи таъмири мошинҳо мефиристодааст, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ дар хонааш воқеъ будааст.

“Сарбоз ба таъмири автомашинаҳо машғул шуда, табиист, ки барои кори худ ҳақмузде намегирифт, - қайд мешавад дар хабар. - Ҳангоми санҷиши ҳайати шахсӣ, ки худи командир мегузаронд, дар китоби санҷиши ҳозирбошии рота, сарбозро сохтакорона дар қисми ҳарбӣ ҳамчун ҳозирбуда дарҷ мекард”.

Бо ҳукми Суди ҳарбии гарнизони Душанбе командири “корчаллон” ба маблағи 17 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима шудааст. Суд ӯро аз ҳуқуқи идомаи хизмати ҳарбӣ маҳрум накардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.