Дар ду соли ахир дар шимоли Тоҷикистон 44 зан бар асари хушунат худкушӣ кардаанд. Ин нукта имрӯз дар Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилояти Суғд садо дод.

Мақомоти додситонии вилояти Суғд мегӯяд барои ин худкушиҳо чанд шавҳари ин занҳо, хушдоманҳо ва як хусурро ба ҷавобгарӣ кашидаанд.

Дар ин Шӯро гуфта шуд, ки соли 2019 ва нуҳ моҳи 2020 асосан бар асари кирдори бераҳмона ва мунтазам паст задани шаъну эътиборашон аз сӯйи шавҳарону хушдоманҳо, ин занон даст ба худкушӣ задаанд.

Мақомоти додситонии Суғд мегӯяд, 22 нафар занон дар соли гузашта ва 22 нафари дигар дар нӯҳ моҳи соли 2020 худкушӣ кардаанд. Як манбаъ аз ин додситонӣ ба “Азия-Плюс” гуфт, ки аз ҳама зиёд дар ноҳияи Зафаробод 4 нафар зан даст ба худкушӣ задаанд. Дар шаҳру навоҳии Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Деваштич 3-нафарӣ, Истаравшан, Спитамен, Панҷакент ва Конибодом 2-нафарӣ худкушӣ кардаанд. Худкушии занон дар Хуҷанд, Исфара, Ҷаббор Расулов, Истиқлол, Ашт ва Айнӣ якмавридӣ будааст.

Дар додситонии Суғд гуфтанд, ки шиддати хушунат дар хонавода ба андозае, ки қобили мулоҳиза бошад пойин нарафтааст ва чунин ҳодисаҳо ҳанӯз ҳам дар хонаводаҳо ҷой дорад.

Додситони Суғд Фурқат Хоҷазода ба ниҳодҳои марбута ва Раёсати корҳои дохилӣ супориш додааст, ки дар маҳалҳо оилаҳои осебпазирро муайян ва онҳоро ба қайд гиранд. Додситонӣ гуфтааст, хусусан бо он занҳое, ки зери фишори сахти хонаводагӣ ба сар мебаранд корҳои фаҳмонидадиҳиро пурзӯр кунанд то маҷбур ба амлҳое чун худкушӣ нашаванд.

Қаблан Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд гуфта буд, ки 853 нафарро, ки дар пайи ҷанҷолҳои хонаводагӣ ба ин ниҳод муроҷиат карда буданд зери назорати худ гирифта, бо онҳо корҳои фаҳмонидадиҳӣ анҷом медиҳанд.

Инчунин ба гуфтаи Раёсати ВКД дар Суғд дар ин ниҳод беш аз 700 хонаводаи ноустувор сабти ном аст, ки масъулин мегӯяд ин шумора назар ба соли гузашта бамаротиб кам шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.