Сокини 45-солаи Душанбе ба қаллобӣ гумонбар дониста мешавад. Ӯ аз дигар сокини пойтахт 145 ҳазор доллар пул гирифта, ба ӯ дар дар бинои нав хонаҳо ва мағоза ваъда мекунад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ҷабрдида ба ШВКД-2 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муроҷиат карда, изҳор мекунад, ки моҳи майи соли 2018, дар назди хонаи истиқоматиаш марди 43-солаи сокини ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 104 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ваъда додааст, ки дар кӯчаи Меҳнати шаҳри Душанбе, 2-адад хонаҳои дуҳуҷрагӣ ва як нуқтаи савдо гирифта медиҳад.

Гуфта мешавад, бо гузашти беш аз 2 сол ҷабрдида на хона гирифтаасту на пулашро баргардонидаанд. Гумонбар маблағҳои гирифтаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Ёдрас мекунем, ки 8 январ низ маркази матбуоти ВКД дар бораи ба ин монанд ҳодиса хабар дод. Моҳи майи соли 2015 сокини маҳаллии 47-сола ба боварии сокини дигари 34-солаи пойтахт даромада, худро корманди ҶДММ “Аюб-2020” муаррифӣ мекунад. Ӯ аз ҷабрдида бо ваъдаи хона гирифта додан дар яке аз биноҳои нав 16 ҳазор доллар гирифта, бо ҳамин бедарак мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.