Дар нуқтаҳои аҳолинишини марзии Тоҷикистону Қирғизистон дар вилояти Суғд ба пур кардани хандақҳое оғоз кардаанд, ки гуфта мешавад як сол пеш дар давраи хуруҷи коронавирус барои пешгири аз рафтуомадаи сокинон канда шуда буданд. Ин кор дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд ҳаммарз аст, оғоз шудааст.
Сокинони ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз кушода шудани роҳ ва иҷозаи ҳаракати мошинҳо дар чанде аз кӯчаҳояшон хушҳоланд. Мақомот як сол пеш ба хотири ҷилавгирӣ аз бемории коронавирус ва рафту омади сокинон бо деҳаҳои ҳаммарз бо Қирғизистон дар даромадгоҳи кӯчаҳо хандақ ё чуқурӣ кофта буд.
Аммо ҳоло низ хандақи аксари кӯчаҳо пӯшида нест ҳаракати мошин танҳо бо роҳи чанд кӯчае иҷоза шудааст. Сари ҳар як кӯчаҳо дар ду тарафи роҳи асосии деҳаҳои наздимарзӣ сарҳадбонони тоҷику қирғиз истодаанд. Ва намегузоранд касе ва ё нақлиёте аз ду ҷониб ба хоки ҳамдигар гузаранд.
Шарифнисо Ҳоҷибоева сокини яке аз кӯчаҳои ҷамоати Хистеварз гуфт се рӯз пеш мақомот чуқуриҳои соле пеш кандаро пур карданд. Акнун ба кӯчаи онҳо аз роҳи асосӣ мошин медарояд ва ҳам мебарояд.
“Ман нав огаҳ шудам, ки чуқуриро пур кардаанд роҳи мо наздик шуд. Микроавтобуси №113 аз роҳи асосӣ мегузарад, ки ба мо наздик аст. Он сӯйи роҳ маҳалҳои қирғизнишин аст, барои гузаштан иҷозат намедиҳанд”.
Наим Раҳмонов сокини кӯчаи дигаре, мегӯяд хандақи кӯчаи онҳоро даҳ рӯз пештар пур карданд ва ҳоло роҳ кушода аст.
“Вақте роҳҳо баста буд харҷи мо ҳам зиёд буд. Барои рафтан ба ҷое як круг давр зада меомадем. Ҳоло бо роҳи рост бемушкил мегузарем. Роҳи кӯчаҳо кушода ва нағз шуд. Мо барои ба хона омадан бо роҳи дохили Хистеварз азият мекашем барои ҳамин бо роҳи асосӣ мебиёем. Дурии роҳ барои рафтан ба бозор низ мушкил пеш меовард”.
Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо деҳаҳои Арқа ва Борбордуки ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст. Роҳи мошингузари асосии Исфара-Хуҷанд, Конибодом-Хуҷанд байни ҳамин деҳаҳои ҳаммарз мегузарад. Ҳудуди 20 кӯчаи ҷамоати Хистеварз бо ҳамин роҳи асосӣ пайваст мебошад ва мусофирбарҳо низ бо ҳамин роҳ ҳаракат мекунанд. Аммо бинобар пайдо шудани чуқурӣ дар саргаҳи кӯчаҳо роҳи мусофиркашҳои ҷамоат дигар шуд ва дохили маҳалҳо роҳи тӯлониро то расидан ба манзил тай мекарданд.
Фурқат Рустамов як сокини Хистеварз гуфт хандақи кӯчаи онҳоро низ пӯшиданд ва ба ҳаракати мошин ва одамон иҷоза шуд.
“Акнун харҷи роҳ кам мешавад, нағз шуд. Мо ба саҳро меравем, ки борои рафтан бояд ба роҳи асосӣ бароем. То ин вақт рафту омад душвор буд. Бо роҳи дохили ҷамоат мерафтем вайрон аст борон борад лой мешавад мошинҳо таъмирталаб шуд”.
Як манбаъ аз ҳукумати Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, раиси ноҳия гуфтааст эҳтимол рӯзҳои наздик чуқурии боқимонда кӯчаҳоро низ пур мекунанд. Аммо кай маълум нест.
“Баъзе сохторҳо фикру мулоҳизаи худро доранд. Боқимонда кӯчаҳо низ бояд кушода шавад. Ҳамин гуна маслиҳатҳо ҳаст. Лекин кай ман чизе гуфта наметавонам. Он кӯчаҳое, ки барои рафтуомади мардум иҷоза аст кушода шуд”,- мегӯяд ин манбаъ.
Содирҷон Умаров сокини дигари ҷамоати Хистеварз, ки хандақи кӯчаи онҳо пӯшида нашудаву ҳоло иҷозаи ҳаракати мошин нест аз баста будани роҳ нигарон аст. Вай мегӯяд, ин ба манфиати касе нест, балки бар зиёни худи мардум аст. Онҳо барои боз кардани кӯчаяшон ба мақомот низ муроҷиат кардаанд.
“Аз бастани ин роҳ ягон фоидае нест. Аз он сӯ бемор омад мегӯянду баз мебанданд. Ҳеҷ кас ба он тарафи роҳ намегузарад инро ҳама медонад. Чуқурии роҳи кӯчаи мо ҳоло ҳам рӯйпӯш нест роҳ баста аст. Чи кунем. Мо муроҷиат кардем пагоҳ мегӯянд боз намекушоянд. Гуфтанд санаи 1-уми апрел мекушоем, вале маълум нест”.
Қаблан зимни як нишаст раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зафар Давлатзода гуфта буд, онҳо дар ду ҷамоати ҳаммарзи Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳия бо Қирғизистон 34 гузаргоҳҳои сарҳадиро дар замони коронавирус бастанд. Барои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба коронавирус ва вуруди ғайриқонунии шаҳрвандони ду ҷониб дар ин ҷойҳо хандақ кофтаанд. Давлатзода баста будани роҳ ва будани хандақҳоро ба манфиати кор гуфта буд. Аммо аз оғози моҳи январ дар Тоҷикистон сироятёбӣ ба бемории ҳамагир ба қайд гирифта нашудааст ва сокинон низ мехоҳанд дар пайи беҳтар шудани вазъ роҳҳо дигарбора боз шавад ва ба зиндагии қаблӣ баргарданд.
Дар марзи ҷамоати Хистеварз бо деҳаи Арқаи Қирғизистон сари чанд вақт боздошти қочоқи молу маҳсулот расонаӣ мешавад, ки аксаран тоҷикон бо ин ҷурм мутаҳам мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Дар чор соли охир ИМА 825 шаҳрванди Тоҷикистонро боздошт ва 88 нафари онҳоро ихроҷ кардааст
Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон ҳам номзадҳояшро ба интихоботи парлумонӣ пешбарӣ кард. Онҳо чанд нафар ва киҳо ҳастанд?
Вазорати маориф: Дар Тоҷикистон ҷашнҳои солинавӣ дар макотиби олӣ, миёна ва кӯдакистонҳо манъ аст
Боздошти як сокини Хуҷанд барои ворид кардани “хлопушка” аз Қирғизистон
Содироти барқ аз Тоҷикистон дар моҳи ноябр 10,5% афзуд
“Акнун аз болои панҷара мегузаранд”. Дар Душанбе 17 гузаргоҳ барои пиёдагардонро барҳам доданд
"Хӯрок бомазза, касе намегурезад, аммо ба кӣ шикоят карданро намедонем". Ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон то куҷо риоя мешавад?
Коршиносони Русия хавфу хатарҳои асосиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муайян карданд
Даҳ варзишгари беҳтарини Тоҷикистон дар соли 2024 маълум шуданд
Шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт, ки 2 рӯз баста буд, боз шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста