Мавлавӣ Абдуллобек (Абдуллобек Қувватбеков) ва бародараш Мавлавӣ Изаттуллобек аз руҳониёни маъруфи водии Язгуломи Ванҷ аз сӯйи кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон боздошт шудаанд. Дар ин бора Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои наздикони эшон хабар додааст.
Бино ба иттилои манбаъ Абдуллобек Қувватбеков ва бародараш Иззатулло Қувватбеков рӯзи 18-уми июн аз манзили зисташон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе боздошт шудаанд.
Мавлавӣ Абдуллобек ва бародараш Изатуллобек ҳар ду хатмкардаи мадорис ва донишгоҳҳи исломии Зоҳидони Эрон буданд, ки солҳои ахир дар Тоҷикистон маъруфияти зиёде доштанд.
Мавлавӣ Абдуллобеку бародараш ҳамчунин бо он маъруф буданд, ки беморонро Қуръону қасида мехонданд, ки дар ин дар миёни мардум бо номи "ҷинбарорӣ" маъруф аст. Беморони зиёде ба назди ин руҳонӣ ҳам ба зодгоҳашон деҳаи Жамаги ҷамоати Язгуломи Ванҷ ва ҳам ба Душанбе меомаданд.
Мавлавӣ Абдуллобек бо мавъизаҳо ва ё амри маъруфҳои пурсау садо ва пуршӯраш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр маъруф буд. Ӯ аз ҷумла ҳангоми яке аз сафарҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Ванҷ аз шахси раисҷумҳур тамҷид кард ва нақши шахси Эмомалӣ Раҳмонро дар сулҳу субот ва бозсозии Тоҷикистон хеле барҷаста тавсиф кард.
Қувватбек Қувватбеков, бародари Абдуллобек Қувватбеков рӯзи 19-уми июн дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтааст, субҳи дирӯз як нафар ба манзилашон омад ва худро писари Диловар-паҳлавон муаррифӣ кард ва гуфт дар нисбати Мавлавӣ шикоятҳо расидааст ва мақомоти тафтишотӣ мехоҳанд таҳқиқ кунанд.
“Пас аз як соат чаҳор нафар ҳамроҳи писари Диловар-паҳлавон омаданд, худро муаррифӣ накарда гуфтанд, ки дар нисбати Мавлавӣ ва бародараш мақомоти интизомии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон тафтишотро оғоз кардаанд ва ҳардуро барои пурсиш мебарем. Баъд гуфтанд, ки ин ҳарду ба Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи Наҳзати Ислом иртибот доштааанд”-, гуфтааст Қувватбеков.
Бародари ин ду руҳонии боздоштшуда ҳамчунин гуфтааст, ки кормандони сохторҳои қудратӣ ҳамроҳ бо Абдуллобеку Иззатуллобек ҳамчунин аз хонаи онҳо китобҳои мазҳабиву динӣ ва ҳамчунин 80 ҳазор доллари дигарро низ бо худ бурдаанд.
Қувватбек Қуватбекво гуфтааст, ки 80 ҳазор доллар маблағи фурӯши себе будааст, ки бародараш имсол аз Ванҷ овардаву дар бозорҳои Душанбе фурӯхта будааст.
Ба гуфтаи наздикони Мавлавӣ Абдуллобек бо ин пул ин руҳонии маъруф мехостааст барои писаронаш дар Душанбе хона бихарад.
Наздикони ин руҳонии маъруф мегӯян ҳоло инҳо хабар надоранд, ки Мавлавӣ Абдуллобек бо бародараш дар куҷо нигаҳдорӣ мешаванд.
Қабули санадҳо барои таҳсил дар хориҷа оғоз шуд. Кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
Дар Душанбе як ноболиғи 17- сола падарандарашро куштааст
Ҳунарманде, ки бо ифтихор бори театру синаморо мекашад
50 ба 50. Телефон барои санҷиши номи муҳоҷирон дар “рӯйхати сиёҳ” чӣ хел кор мекунад?
Таҳқиқот: Беш аз 58% кӯдакони муҳоҷирон дар Русия забони русиро хуб медонанд
Намояндаи “Барқи тоҷик” гуфтааст, аз маҳдудияту интиқоли барқ ҳангома насозед ва онро сарфа кунед
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Маҷнун ба як сӯ, шутур ба сӯи дигар”
Мавқеи мунтахаби Тоҷикистон дар радабандии ФИФА беҳтар шуд
Дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СААД Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтоҳои худ чӣ гуфт?
“Поям дард мекунад”. Дар Хуҷанд қариб 50% автобусҳо аз ҳаракат бозмондаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста