Пас аз ирсоли навори видео аз ҷониби мусофирон кормандони милитсияи пойтахт пулчинак ё худ кондуктори гнақлиёти ҷамъиятиро боздошт намуданд.
Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсаиӯти ВКД дар шаҳри Душанбе, ӯ нисбати мусофирон дағалгуфторӣ намуда, онҳоро дар нимаи роҳ аз автомашина мефарорад.
Дар навори видео дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешуд, ки як ҷавон, пулчинаки микроавтобуси №55 (33) “Мерседес-Спринтер” дағалона мусофиронро аз автомашина мефарорад.
Кормандони милитсия муайян карданд, ки “қаҳрамон”-и навор сокини 26-солаи шаҳри Душанбе Аъзам Одинаев мебошад. Бо қарори суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ӯ 7 шабонарӯз ҷазои ҳабси маъмурӣ таъин шуда, акнун ин муддат ба кори ҷамъиятӣ, аз ҷумла шустани фарш машғул мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.