Ширкати сохтмонии "Комил-2010", ки ба Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҳанӯз мушкили биноҳои сохтаашро ҳал накардааст. Ин нуктаро Маҳмадсаид Зувайдзода, раиси Кумитаи сохтмону меъмории Тоҷикистон имрӯз дар нишасти хабарӣ изҳор кард.
Ин дар ҳолест, ки Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврал гуфта буд, ки ба ин ширкат ва ширкатҳои дигари Бег Сабур муҳлат додаем то сохтмонҳои нотамомашро тамом кунаду иҷозатномаи сохтмонашро бигирем. Ҳамчунин Зувайдзода гуфта буд, ки ширкати "Комил -2010"-ро раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ вориди "рӯйхати сиёҳ" кардааст.
Ҳоло раиси Кумитаи сохтмону меъморӣ мегӯяд, ки " дар иншооти ин ширкат камбудиҳо ошкор шуд. Дар ҳоли ҳозир ширкат ба бартараф кардани ин нуқсон машғул аст ва ҷараёни онро муовини раиси шаҳри Душанбе Амирхон Қурбонзода назорат мекунад. Мо умедворем, ки ҳамаи камбудҳо саривақт бартараф мешаванд".
Зувайдзода дар нишасти хабарии моҳи феврали имсол гуфта буд, ки "шикоятҳо аз камбудҳои биноҳое, ки ширкатҳои Бек Сабур "Комил-2010" ва "Ниагара" сохтаанд, зиёд аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 апрели соли 2025
Владимир Путин дар ҷанг бо Украина оташбаси муваққатӣ эълон кард
Марги Исфандиёр аз тири камони Рустам. “Ял” ва намоишномаҳои дигари рӯзи панҷуми "Парасту" аз чӣ қисса карданд?
Wildberries ба фурӯши маҳсулот дар Тоҷикистон оғоз кард
Аз осорхонаи Айнӣ то бозори “Меҳргон”. 10 макони дидании шаҳри Душанбе
КҲФ аз боришоти борони пуршиддат ва хатари омадани сел ҳушдор медиҳад
Чароғҳои кӯчаву хиёбонҳои Душанберо кай фурӯзон мекунанд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2025
Беш аз 22 млн сомонӣ. Ҳизбҳои ба парлумон роҳёфта аз буҷаи давлат чанд сомонӣ мегиранд?
Соҳибтаҷрибае бо донишҳои муосир мусаллаҳ. Рӯзноманигори шинохта Илҳом Ҷамолиён 65-сола шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста