Дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия марди 44-солаи сокини шаҳри Хуҷандро ба гумони даст доштан дар куштани кӯдаки 3-сола боздошт намуданд.
Боздоштшуда қаблан барои ҷиноятҳои дуздӣ ва даъватҳои оммавӣ ба тағйири сохти конститутсионии Тоҷикистон маҳкум шуда будааст.
Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 11-уми майи соли 2020 ӯ дар хонаи истиқоматии иҷорааш, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, нисбати фарзанди 3-солааш шубҳа пайдо мекунад, ки охирон фарзанди ӯ нест.
“Дар ин замина нафрат пайдо карда, кӯдакро лату кӯб ва дар охир ӯро бо дастонаш бӯғӣ мекунад, ки дар натиҷа кӯдак ба ҳалокат мерасад”, - омадааст дар хабари Вазорат.
Гуфта мешавад, сипас рӯзи 12-уми май ӯ ҷасади хурдсолро ба заминҳои бекорхобидаи деҳаи Учбоғи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бурда партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.
Зимнан зикр мегардад, ки оид ба ин ҳодиса бо моддаи 104 қ.2 Кодекси ҷинояти ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.
Дар сурати исбот шудани гуноҳ ба боздоштшуда ҷазои ҳабси абад таҳдид мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.