Сафорати Тоҷикистон дар Маскав дар робита ба як ҳодиса дар шаҳри Иркутски Русия гурӯҳи корӣ таъсис дод. Дар ин ҳодиса рӯзи 12 ноябр бар асари муноқиша байни муҳоҷирони тоҷик ва сокинони маҳаллӣ ва оташ задани вагони истиқоматии муҳоҷирон аз ҷониби сокинони маҳаллӣ дар пайи он, ду шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок ва боз 5 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шуданд.
Кумитаи тафтишоти Иркустк хабар додааст, ки вобаста ба ин ҳодиса мутобиқи моддаҳои “одамкушӣ”ва “суиқасд ба одамкушӣ” парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, якчанд нафар сокинони маҳаллӣ боздошт шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, як манбаи наздик ба мақомоти тафтишот рӯзи 23 ноябр ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки пас аз гузашти се шабонарӯз гумонбаршудагонро раҳо кардаанд.
“Айни замон танҳо сокини 26-солаи маҳаллӣ дар боздошгоҳи пешакӣ қарор дорад”, - иброз дошт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, Суди вилояти Иркустк қарор кардааст, ки се нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро барои иштирок дар муноқиша ба ҳабс гирад.
“Онҳо дар авбошӣ ва кӯшиши куштор гумонбар мешаванд. Онҳо аз ҷумлаи се нафаре мебошанд, ки бо ҷароҳатҳо дар бемористон бистарӣ шуда буданд, - изҳор дошт манбаъ. - Тақдири боз се нафари дигар, ки феълан дар бемористон бистарианд, ба наздикӣ маълум мешавад”.
Дар робита ба ин ҳодиса бо супориши сафири Тоҷикистон дар Маскав аз ҳисоби кормандони сафорат ва консулгарӣ дар Новосибирск гурӯҳи корӣ таъсис ёфта, аъзои он бо мақомоти марбутаи ҳифзи ҳуқуқи Русия ва инчунин шаҳрвандони Тоҷикистон вохӯрдаанд.
Дар намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Маскав бинобар сабаби “халалдор насохтани ҷараёни тафтишот”, аз пешниҳоди ҷузъиёти бештари ҳодисаи мазкур худдорӣ намуданд.
“Гурӯҳи корӣ бо қарори суди вилояти Иркустк розӣ нест, лекин то ҳол дар ин бора расман изҳороте нашудааст”, - афзуд манбаи дар боло зикршуда.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.