Мақомоти додситонии Суғд дар як соли гузашта ба далели саркашии ҷавонон аз артиш 59 парвандаи ҷиноӣ боз карда, 5 ҷинояти коррупсионии кормандони масъули давлатиро ошкор кардаанд. Дар ин бора дар як ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят маълумот додаанд.

Инчунин дар Шӯро аз набуди синфхонаҳои омодагии дифои ҳарбӣ ва майдончаҳои варзишӣ дар 575 мактаби чанд шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд сахт интиқод кардаанд.

Дар ин бора нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд “Ҳақиқати Суғд” хабар медиҳад. Манбаъ такя ба иттилои ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят гуфтааст, фаъолияти комиссияҳои даъватии баъзе шаҳру ноҳияҳо ба талабот ҷавобгӯ набуда, ҳамасола аз ин комиссияи вилоят 60 нафар даъватшавандагон бинобар беморӣ ба муоини иловагӣ баргардонида мешавад. Аммо солимгардонии ҷавонон дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳо ба таври зарурӣ ба роҳ монда нашудааст.

Нашрияи расмии ҳукумати Суғд инчунин аз суйи масъулини комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ боздошт ва ба таври иҷборӣ ба артиш фиристодани ҷавононро сахт танқид кардааст.

Манбаъ гуфтааст, нисбати шаҳрвандоне, ки бо ҳар роҳу восита аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекунанд маводҳои зарурӣ барои ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо ба мақомоти додситонӣ пешниҳод намешавад.

“Ҳақиқати Суғд” ишора ба беш аз 80 ҳазор қобили хидмат (синни даъват) мегӯяд, соли 2021 ба мақомоти додситони ҳамагӣ 129 мавод барои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ҷавонони аз хидмат саркашӣ карда фиристода шудааст. Гуфта мешавад, “ин гурӯҳи ҷавонон дар давраҳои даъват аз маҳалли зисти худ бидуни хабардор намудани комиссариатҳои ҳарбӣ ғайб мезананд”.

“Яке аз омилҳои номатлуби дигар, ки ба даъвати ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ халали ҷиддӣ ворид месозад, ин содир шудани кирдорҳои коррупсионӣ дар фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти мазкур, бахусус комисариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб меравад”,-овардааст нашрия бо нақли қавл аз Шӯро.


Манбаъ мегӯяд, дар натиҷаи санҷиш аз суйи ниҳодҳои мақомоти интизомӣ 5 ҷинояти коррупсионӣ ошкор шудааст. Нашрия ҳамзамон “гирифтани 900 доллар пора аз ҷониби мутахассиси пешбари комиссариати ҳарбии ноҳияи Спитамен Б.Баротов барои озод кардани шаҳрванд  Н. Абдуллоев, дар шаҳри Бӯстон аз тарафи духтури сироятшиноси КАТС А.Б. Ғазиев барои мусоидат кардан ба гирифтани билети ҳарбӣ ба шаҳрванд А. Раҳимов ба миқдори 1100 доллар, дар ноҳияи Ҷаббор Расулов аз тарафи корманди комиссарияти ҳарбӣ М.Солиев барои дар ҳудуди вилоят адо намудани хидмати ҳарбӣ аз шаҳрванд Ғ.Сарибоев ба миқдори 3000 сомонӣ, дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз тарафи нозири мизи ҳарбии ҷамоати Исфисор Хайём Рауфзода барои омода кардани билети ҳарбии қобили маҳдуд ба шаҳрванд Авези Зафар ба миқдори 8000 сомонӣ ва дар шаҳри Хуҷанд аз тарафи сармутахассиси комиссариати ҳарбии вилоят Абдуллоева М.Н. барои тайёр кардани билети ҳарбӣ ба шаҳрванд Абдуллоев И. ба миқдори 10 000 сомонӣ”-ро мисол оварда гуфтааст, нисбати гунаҳкорон парвандаҳои ҷиноӣ оғоз шудааст.

Ба иттилои нашрия дар 575 муассисаи таълимии шаҳру ноҳияҳо Панҷакент, Истаравшан, Ашт, Айнӣ, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Кӯҳистон Мастчоҳ, Деваштич, Спитамен, Исфара, Зафаробод, Шаҳристон ва Гулистон синфхонаҳои таълимии ҳарбӣ ва майдончаҳои варзишӣ, ки барои омодагии хонандагон ба хизмати ҳарбӣ нақши асосиро мебозанд, ташкил карда нашудаааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.