Дар Тоҷикистон ба қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» тағйирот ворид шуд. Муҳимтаринаш - акнун таъини шахсоне, ки ба ҷиноятҳои вазнин даст задаанд, ба мансаби имомхатиб манъ аст.
Ба гуфтаи Муҷибахон Ҷавҳарӣ, вакили палатаи поёнии парлумон, тағйирот бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, риояи имло, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо дарназардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, ҳамчунин пешгирии экстремизм ва ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон таҳия ва пешниҳод шудааст.
Тавре ки нашрияи парлумонии “Садои мардум” иттилоъ медиҳад, Муҷибахон Ҷавҳарӣ чунин гуфт:
«Шахсоне, ки ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин дигар ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнинро содир кардаанд, муассис ё ходимони иттиҳодияи динӣ шуда наметавонанд».
Ба гуфтаи ӯ, ин меъёр пештар низ дар як қатор қонунҳо мавҷуд буд, аз ҷумла дар қонун дар бораи маориф.
Мувофиқи қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», имомхатиб тибқи Муқаррароти масҷид аз ҷониби муассисони он интихоб ва аз кор озод мешавад.
Пас аз интихоб ҳуҷҷатҳо барои мувофиқа ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба умури дин фиристода мешаванд, ки ин мувофиқасозӣ дар қисми 6 моддаи 11-и қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» зикр шудааст.
Тибқи тағйирот, акнун агар шахс ба даст доштан дар ҷиноятҳо зидди дахлнопазирии ҷинсӣ, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ ва дигар ҷиноятҳои махсусан вазнин гунаҳкор эътироф шуда бошад, мақомоти давлатӣ ба таъиноти ӯ ба вазифаи имомхатиб розигӣ намедиҳанд.
Музди меҳнати имомхатибони масҷидҳо мувофиқи шартнома муқаррар карда мешавад. Дар доштани сарчашмаи даромади иловагӣ барои онҳо ҳеҷ маҳдудияте ҷорӣ нашудааст.
Қобили зикр аст, ки мутобиқи талаботи қисми 2, моддаи 30 қонуни ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», назорати бевоситаи риояи қонунгузорӣ ва муқаррароти оинномаи (низомномаи) иттиҳодияҳои диниро дар мавриди ҳадафҳо ва тартиби фаъолияти онҳо мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба дин анҷом медиҳад.
Бино ба маълумоти Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо, то аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 3950 масҷид амал мекарданд.