Як манбаъ аз Додгоҳи вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки имрӯз, 4 август гумонбарон дар парвандаи куштори оилаи Маҳмадовҳо дар ноҳияи Ҷайҳун зимни ироаи ҳарфи охирин худро бегуноҳ дониста, аз додрас хоҳиш кардаанд, ки онҳоро сафед кунад.
“Ҳар се судшаванда Қиёмиддин Насриддинов, Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Адолат Шерматов дар куштори оилаи Маҳмадовҳо зимни сухани охиринашон худро бегуноҳ гуфтанд”,- гуфт манбаъ.
Вай афзуд, мурофиаи додгоҳӣ дар робита ба ин парванда ба анҷом расид ва раисикунандаи мурофиа Хусрав Холдорзода, додраси Додгоҳи вилояти Хатлон барои додани баҳои ҳуқуқӣ ба хонаи машваратӣ рафт.
Интизор меравад, ки бегоҳии имрӯз, 4 август аз ҷониби додгоҳ ҳукми гумонбарони ин парванда хонда шавад.
Ёдовар мешавем, ки чанд рӯз пеш, айбдоркунандаи давлатӣ ба Маҳмадғаюр Хайбуллоев ва Қиёмиддин Насриддинов, ки ҳар ду дар ин куштор гунаҳгор дониста мешаванд, ҳукми абад ва ба гумонбари сеюм Адолат Шерматова, зани Қиёмиддин Насриддинов 30 соли зиндон талаб карда буд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан ҳар се айбдоршаванда аз баёноте, ки дар рафти тафтишоти пешакӣ дода буданд, даст кашида, баёноташон бо истифодаи шиканҷа гирифта шудааст.
Бояд гуфт, ки дар додгоҳи вилояти Хатлон чандест баррасии парвандаи пурсарусадоии куштори панҷ узви як хонавода дар ноҳияи Ҷайҳуни ин вилоят ҷараён дорад. Ин ҳодиса яке аз ҳодисаҳои пурсарусадои солҳои ахир дар вилояти Хатлон аст.
Дар робита ба ин ҳодиса Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев, Қиёмиддин Насриддинов ва Адолат Шерматова, ҳамсари Қиёмиддин Насриддинов ба одамкушӣ, сӯиқасд ба одамкушӣ, қасдан несту нобуд ё вайрон кардани молу мулк ва дуздӣ айбдор карда мешаванд.
Қаблан Вазорати корҳои дохилаи кишвар видеоеро вобаста ба ин ҷиноят нашр кард. Дар ин навори видеоӣ сокинони ҳамин ноҳия Қиёмиддин Насриддинов ва Маҳмадғайюр Ҳайбуллоев нақл карданд, ки чӣ гуна ин кушторро содир кардаанд.
Ҳамчунин, ҳамсари Маҳмадов, Латофат Азизова ва як писараш, ки зинда монданд, гумонбаронро шинохтанд.
Имрӯз, маъракаи даъвати ҳарбӣ ба анҷом расид. Нақша пурра иҷро шуд?
“Тақдири талхи се ятим”. Нахустнамоиши филми “Се хоҳарон...” дар Душанбе
Дар робита ба парвандаи сарбозозорҳо на 6 нафар, балки 8 нафар равонаи зиндон шуданд
Президенти Федератсияи байнулмилалии ҷудо Мариус Визер ба Душанбе омад
Сафирони нави Тоҷикистон кистанд?
Аз “андоз аз Google” буҷети Қирғизистон имсол 600 ҳазор доллар даромад гирифт. Дар Тоҷикистон чӣ?
Аз меъёри иқлимӣ баланд. Обуҳавои Тоҷикистон дар моҳи якуми тобистон
Омодагии Доғистон ба бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ дар минтақаи баландкӯҳи Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон ба нишасти ИА - Осиёи Марказӣ ба Қирғизистон меравад
Тағйироти кадрӣ. Эркин Раҳматуллоев ба нафақа рафту ду муовини вазир сафир шуданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста