Парвандаи журналист ва блогер Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба додгоҳ равон шудааст. Дар ин бора ба ҳамсари ӯ дар боздоштгоҳи муваққатӣ хабар додаанд.
Мубораки Қосим, ҳамсари Абдуллоҳ Ғурбатӣ, дар суҳбат бо «Азия-Плюс» гуфт, бояд имрӯз бо шавҳараш мулоқот мекард, вале дар боздоштгоҳи мувақцатӣ гуфтаанд, “парвандааш ба додгоҳи ноҳия Шоҳмансур ирсол гардидааст ва барои дидорбинӣ бояд аз ин додгоҳ иҷоза гиред”.
Муборак бори охир 23 июли соли равон бо шавҳараш дар боздоштгоҳ дидорбинӣ карда буд ва мегӯяд, “мақомот бо ҳар баҳона барои мулоқот мушкил эҷод мекунанд”.
“Ҳатто дар рӯзи зодрӯзаш барои мулоқот рафтам, аммо иҷоза надоданд”, - мегӯяд ҳамсари Абдуллоҳ.
Ба гуфтаи ӯ, пас аз талошҳои зиёд, ниҳоят 16 август дар прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур барои мулоқот бо шавҳараш иҷоза доданд, аммо имрӯз ҳам натавонист Абдуллоҳро бинад.
“Чанде пеш вақте ба боздоштгоҳ хӯрок бурдам, шавҳарам чанд намуд доруро хоҳиш кард, доруҳо барои дарди сар ва гурда. Маълум мешавад, саломатиаш хуб нест. Барои ҳамин сахт нигаронем”, - гуфт Муборак.
Худи Абдуллоҳ ҳам чанд маротиба дархост кардааст, ки бо ҳамсараш вохӯрад ва Муборак мегӯяд, ки шавҳараш шояд паёми муҳиме дорад.
Абдуллоҳ Ғурбатӣ замоне боздошт гардид, ки дар робита ба парвандаи Далери Имомалӣ, блогери боздоштшудаи тоҷик ба прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур даъват гардида буд. Дар оғоз мақомот ӯро барои итоат накардан ба корманди пулис боздошт карданд, вале баъдан Абдуллоҳ ба аъзогии Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ гумонбар дониста шуд.
Дар ҳамин ҳол, наздикони Далери Имомалӣ низ аз вазъи саломатии ӯ изҳори нигаронӣ кардаанд. Шодигул Бобиева, модари Далери Имомалӣ ба Радиои “Озодӣ” гуфтааст, ки 28 июл бо писараш дар боздоштгоҳ дидор доштааст ва эҳсос кардааст, ки саломатии ӯ хуб нест.
“Далер сахт дилтанг буд. Гуфт, ки нафастанг шудааст. Аз ман пурсид, ки чаро муфаттиш ба наздаш намеояд”, - гуфтааст модари Далер.
Ҳамчунин, модари Далер гуфтааст, ки дар бораи кай ба анҷом расидани тафтиши парвандаи писараш иттилоъ надорад.
Зайтуна Иноятова, ҳамсари Далер, гуфт, рӯзи 14-уми август барои мулоқот бо шавҳараш ба назди вакили мудофеъ рафтааст, вале азбаски санадҳо омода набуданд, натавонистааст вориди боздоштгоҳ шавад.
Далери Имомалӣ моҳи июн бо иттиҳоми расонидани хабари дурӯғ ва насупурдани андоз боздошт шуд, аммо баъдтар ӯро барои ҳамкорӣ бо созмони дар Тоҷикистон мамнуи "Гуруҳи 24" гумонбар эълон карданд.
“Маълумот доред, пешниҳод кунед”. Оҷонсии зиддифасод гуфт, соли 2023 кадом ниҳодҳоро месанҷад
Дар Панҷакент Барномаи рушди ҳунармандӣ барои солҳои 2023-2025 қабул шуд
11 соли маҳрумият аз озодӣ барои куштори ноболиғ
Шавкат Бобозода баъди барқарор кардани 280 ҳазор доллар ва пардохти 128 ҳазор сомонӣ ҷарима озод шудааст
Сорбон: Решаи мадҳ тамаллуқ аст
Дар ҷануби Тоҷикистон сохтмони ду роҳи мошингард оғоз мешавад
Оҷонсии зиддифасод боздошти раиси дастгоҳи Раштро расман тасдиқ карда, оид ба раис маълумот надод
Аз танзими муҳоҷират то аъзогӣ ба Иттиҳоди иқтисодӣ. 5 саволи мубрам барои Тоҷикистон дар соли 2023
Дар панҷ шаҳри Тоҷикистон маркази ҷудо бунёд мекунанд
Пешниҳоди афви 500 ҳазор муҳоҷири бинокори тоҷик дар Русия
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста