Милитсияи вилояти Хатлон аз боздошти як сокини ноҳияи Шаҳритус хабар медиҳад, ки давоми 8 сол дар 30 ҳолат аз 3 то 168 ҳазор сомонии муҳоҷирони меҳнатиро бо роҳи қаллобӣ аз худ карда, онҳоро фиреб додааст.
Аз маркази матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон бо тасдиқи ин хабар ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ин мард Умед Ташанови 41-сола аст, ки қаблан бо қаллобӣ (247 қисми 3) суд шуда, дигарбора бо айни иттиҳоми қаллобӣ дар ҷустуҷӯи байналмилалӣ буд.
Ба иттилои манбаъ, Умед Ташанов рӯзи 13-уми декабри соли равон дар натиҷаи корҳои фаврию ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон дастгир шудааст. То ин замон, ӯ дар Русия қарор доштааст.
Гуфта мешавад, ки Ташанов ба муҳоҷирони фиребхӯрда ваъдаҳо, ба мисли гирифтани шаҳрвандии Русия, аз байн бардоштани маҳдудият дар роҳи сафарашон ба Русия ва ё бо нархи арзон дастрас кардани чиптаи сафар ба он кишварро медод, аммо маблағҳои бо роҳи фиреб ба даст овардаашро ба манфиатҳои худ сарф кардааст.
“Ташанов Умед бар асоси моддаи 247, қисми 3-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 30 ҳолати қаллобӣ гумонбар дониста шуда, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст. Аз шаҳрвандоне, ки ба фиреби ин нафари ҷиноятпеша афтодаанд, хоҳиш карда мешавад, ба шуъбаҳои милитсия маҳалли зисташон муроҷиат кунанд”, – гуфтанд аз ин ниҳод.
Тибқи ин моддаи қонун ӯро аз 58 ҳазор то 93 ҳазор сомонӣ ҷарима ва ё аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.
Назари худи Умед Ташанов ва ё вакили дифои ӯ барои шарҳи қазия дастрас нест.
Русия макони кору зиндагии садҳо ҳазор тоҷикистонӣ аст. Мақомоти Русия шумораи онҳоро беш аз 1 млн мегӯянд. Вале Тоҷикистон мегӯяд, ҳамагӣ 600 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия кор мекунанд Дар ҳамин ҳол, ҳар сол садҳо нафар аз ин муҳоҷирони тоҷик дар мулки мусофират қурбони қаллобон мешаванд. Дар байни қаллобон ҳамватанони худи онҳо низ ҳастанд.