Мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Исфара нисбати ду духтари ноболиғе, ки дар шаҳри Исфара як ҳамсоли худро латукӯб карда, ба об андохта буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Қаблан гуфта мешуд, ки бар зидди волидайни се духтари ноболиғ, ду нафаре, ки як ноболиғи 14-соларо латукӯб карданд ва нафаре, ки рафти ҳодисаро ба навор гирифта, баъдан дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷой кард, бо моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (Иҷро накардани уҳдадориҳо оид ба парасторӣ, таълим ва тарбияи ноболиғон) парвандаи маъмурӣ боз шудааст.
Моддаи мазкур огоҳӣ ё таъйин намудани ҷарима ба андозаи аз се то ҳафт нишондиҳанда барои ҳисобҳоро (як нишондиҳанда барои соли 2022 64 сомонӣ) пешбинӣ менамояд.
Худи духтарони ноболиғ дар қайди шуъбаи кор бо ноболиғон гузошта шуданд.
Ҳамакнун, бо гузашти наздики як моҳ аз хабари латукӯб, мақомоти корҳои дохилаи шаҳри Исфара гуфтааст, ки алайҳи ду духтари ноболиғе, ки дар наворе ҳамсолашонро латтукӯб карда, ба дарё партофта буданд, парвандаи ҷиноятӣ боз кардаанд. Онҳо бо гумони авбошӣ ва ғоратгарӣ боздошт шудаанд.
Мақомоти милисаи шаҳри Исфара дар гузорише ахиран қазияро батафсил шарҳ дода гуфтаанд, духтарон бо ин роҳ барои саркашии ҳамсолашон аз иҷрои дастури онҳо, ӯро ҷазо додаанд. Сабаби дигари мавриди латту куб қарор додани духтари наврас, писаре будааст, ки гӯё бо гуноҳи ӯ кораш ба милиса афтодааст.
Назари духтарони боздоштшуда ва пайвандони онҳо ба қазия дастрас нест.
Радиои Озодӣ бо истинод ба Хурсмандмурод Фозилов, сардори Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар Исфара менависад, ки духтарони нооболиғ аз оилаҳои носолим буда, то боздошт ҳам дар қайди наврасони душвортарбия ва оворагард қарор доштаанд.
Ба гуфтаи ӯ, духтарони боздоштшуда ҷое таҳсил намекарданд. Духтари дигаре, ки ҷарраёни озору азияти духтари наврас аз сӯйи ду ҳамсолашро навор мегирифт низ боздошт шуда, ба авбошӣ ва ҷалби наврасон ба ҷиноят муттаҳам шудааст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 17-уми декабри соли 2022 дар шабакаҳои иҷтимоӣ сабти видеоии лаҳзаи ҷанҷоли се духтари зоҳиран ноболиғ дар Исфара нашр шуд. Дар видео дида мешуд, ки ду духтар як духтари дигарро шаттазанон ва аз мӯяш кашида, ба лаби об мебаранд. Дар роҳ, вақте ки мӯяшро мекашанд, духтари ҷабрдида нола мекунад ва чанд бор ба замин ҳам меафтад, вале боз зери мушту шатта қарор мегирад. Дар ниҳоят, он ду духтар ҷабрдидаро ба лаби дарё мебаранд ва бо вуҷуди ҳавои сард ӯро ба даруни об тела медиҳанд. Ин духтар бо овози тарсхӯрда ва гирёну нолон аз он ду нафар илтимос мекунад, ки ин корро бо ӯ накунанд, аммо онҳо ба кори худ идома медиҳанд.
Аввалин паради Артиши Тоҷикистони соҳибистиқлол чӣ гуна гузашт?
Рӯзи Артиши миллии Тоҷикистон муборак!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 23 феврали соли 2025
Саймумин Ятимов ва Қамчибек Тошиев созишномаи ниҳоии таъини марзи Тоҷикистону Қирғизистонро имзо кардаанд
Дар Эрон кадом маконҳои таърихиву сайёҳиро дидан мумкин аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2025
“Шӯҳрат намехоҳам, талош дорам таърихро таҳқиқ кунам ва таълим диҳам”. Камолуддин Абдуллоев 75 сол шуд
“Шкаф” - “тумбочка” ва “короче” - “просто”. Калимаҳои маъмули русӣ ба тоҷикӣ чӣ гуна тарҷума мешаванд?
“Афсӯс, ки дастгир шуданд”. Шаҳрванди Қирғизистон барои шарҳе зери навори боздошти гумонбарони ҳамла ба “Крокус” 3 сол равонаи зиндон шуд
Парвандаи кормандони “Агроинвестбонк” баъди 3 сол дубора тафтиш шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста