Сармуҳосиби бахши фарҳанги ҳукумати шаҳри Кӯлоб, ки дар як вақт тариқи шартнома дар мактаби №34-и ин шаҳр низ фаъолият доштааст, бо гумони тасарруфи 209 ҳазору 880 сомонӣ боздошт гардидааст.

Дар ин бораи сомонаи расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ медиҳад.

“Шарипов Абдулҳамид Олимович дар вазифаи сармуҳосиби Бахши фарҳанги Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва дар як вақт тариқи шартномавӣ дар вазифаи сармуҳосиби Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Кӯлоб кору фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти кориаш бо мақсади тасарруфи молу мулки ғайр дар якчанд ҳолат бо роҳи сохтакорӣ маблағи умумии 209880 сомониро ҳамчун музди меҳнат ба суратҳисоби корти пластикиаш интиқол додааст. Сипас Шарипов А.О. маблағи зикршударо нақдӣ намуда, онро бо роҳи азонихудкунӣ ба тасарруфи худ даровардааст ва дар натиҷа бо ин амали ғайриқонуниаш ба давлат ба миқдори махсусан калон зарари молиявӣ расонидааст”, - навиштааст ин ниҳод.

Дар робита ба ҳолати мазкур нисбати Шарипов Абдулҳамид бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” (ҷарима аз 124 ҳазор то 183 ҳазор сомонӣ ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 10 то 15 сол) ва 323 (ҷарима аз 17 ҳазор то 25 ҳазор сомонӣ ё аз 1 то 2 сол корҳои ислоҳи ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то 2 сол) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишот ба суд ирсол гардидааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.