Додистонии ноҳияи Мастчоҳ нисбати се даъватшаванда барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ парвандаи ҷиноятӣ боз кардаааст ва тибқи қонунгузорӣ, онҳоро аз 34 ҳазор сомонӣ ҷарима то ду соли зиндон интизор аст. Дар ин бора ҳафтаномаи “Машъал”, нашрияи расмии ҳукумати ноҳияи Мастчоҳ хабар медиҳад.
Манбаъ аз ин се нафар ном набурдааст ва танҳо гуфтааст, ҳар се сокини ин ноҳия буда, моҳи марти соли равон, баъди гузаштан аз ташхиси тиббӣ ва гирифтани даъватнома барои хизмати ҳарбӣ, бе ягон асос, ба коммиссариати ҳарбӣ ҳозир нашуда, хидмати ҳарбӣ саркашӣ кардаанд.
Додситонии Мастчоҳ бар зидди онҳо барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ва алтернативӣ (моддаи 343, қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст ва ҳоло он “дар тафтишоти пешакӣ қарор дорад”.
Назари ҷавононе, ки барои саркаши аз хидмати ҳарбӣ муттаҳам мешаванд, маълум нест.
Қаблан, онҳое, ки аз хидмати ҳарбӣ саркашӣ мекарданд, додгоҳ як ё ду сол шартан аз озодӣ маҳрум мекард ё онҳоро ҷарима менамуд.
Қаблан, Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон хабар дода буд, ки соли 2022 барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ 108 ҷавони синни даъватӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Ӯ мушаххас нагуфт, ки ин ҷавонон ҷарима гардидаанд ва ё аз озодӣ маҳрум шуданд.
Дар гузашта ҳам Додистонии кул аз ҳолатҳои алоҳидаи саркашии баъзе ҷавонон аз хидмати ҳарбӣ гузориш дода буд. Аз ҷумла, моҳи март хабар дод, ки Маъруф Ғоибзода, як ҷавони 19-сола аз ноҳияи Фархор, барои саркашӣ аз хидмати ҳарбӣ ба муҳлати 1 сол шартан аз озодӣ маҳрум шуд.
Мавсими даъвати баҳорӣ ба сафи артиш 1-уми апрел оғоз гардида, то 30-юми май давом мекунад. Имрӯз, 12-уми май, Вазорати дифоъ хабар дод, ки нақшаи даъват дар тамоми кишвар 76 дарсад иҷро шудааст.
Ашки шодӣ, рақсу бозӣ, оғӯшгириву дастфишорӣ. Гузориш аз бозшавии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон
Дар Душанбе тавонмандсозии занонро муҳокима карданд
“Лағви раводид барои шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ”. Содир Жапаров гуфт, дар минтақа “осоиши абадӣ” барқарор шуд
Соли талошу бурдҳо: натиҷаҳои фаъолияти “Азия-Плюс” дар соли 2024
Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ ба Русия меравад
Санъаткорон беш аз 4,3 миллион сомонӣ андоз пардохт кардаанд
Кор дар Қатар. Хадамоти муҳоҷират бори дигар хоҳишмандонро барои кор ба ин кишвари арабӣ даъват кард
Дар чемпионати ҷаҳон оид ба бокс Мижгона Самадова то даври чаҳорякниҳоӣ расид
Имсол “Наврӯз” дар Тоҷикистон кай фаро мерасад?
Дабири кулли СММ Тоҷикистону Қирғизистонро бо имзои созишномаи таърихӣ табрик кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста