Додситонии кулли Тоҷикистон бар зидди ду сержанти хурди як қисми низомӣ дар шаҳри Исфара барои таҳқир ва паст задани шаъну шарафи 9 сарбоз парвандаи ҷиноятӣ боз кардааст. Сержантҳо дар сари наваскарон номи “Конибодом”-ро навишта, акси онро дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кардаанд. Дар ин бора сомонаи расмии Додситонии кулл хабар медиҳад.
Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксе нашру паҳн шуд, ки дар он дар сари нуҳ аскар якҳарфӣ бо тарошидани мӯйи сар номи "Конибодом" навишта шуба буд. Дар пайи ин, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомот даъват карданд, ки дурустии ин аксро санҷиш кунанд.
Додситонии кулли Тоҷикитсон шоми имрӯз, 20-уми июн, бо нашри як вокуниш ҳақиқӣ будани ин аксро тасдиқ карда, навишт, ки рӯзи 14-уми январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи як қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов дар сари нуҳ сарбози навдаъватшуда “ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда... мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”.
“Ӯ бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти хурд Давлатов А.М. ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст. Давлатов А.М. акси мазкурро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15 июни соли 2023 ҳамчун воситаи таҳқири хизматчиёни ҳарбӣ дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст”,- менависад Додситонии кулл.
Ин ниҳод зикр мекунад, ки вобаста ба ҳодисаи мазкур 16-уми июни соли 2023 нисбати хизматчиёни ҳарбӣ Муҳриддин Исмоилов ва М. Давлатов барои сӯистифодаи мақом ва баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ (моддаи 391 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Ин банди қонунгузорӣ, ҷарима ба андозаи аз 250 то 919 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) ё 5 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.
Бояд гуфт, ки давоми ду моҳи охир ин мавриди дуввуми ба ҷавобгарӣ кашидани базургсарбозон барои таҳқиру тавҳини наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон аст.
Қаблан, Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон як афсар ва 7 сарбозро барои латукӯби наваскарон ва нашри навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 9,5 то 11,5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.
Ин афсару сарбозон низ баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани навори латукӯби наваскарон ва вокуниши сокинон боздошту ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Бадрафторӣ ё меҳтарсолорӣ дар артиши Тоҷикистон дарди кӯҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон дар натиҷаи меҳтарсолорӣ ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Гуфтугӯйи қотир бо шутур”
Содироти барқ ба Афғонистон афзоиш меёбад. Беҳбудии навбатӣ дар барқтаъминкунии ВМКБ
Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Русия 30% афзуд
Зарари тӯфони чангу ғубор ба Тоҷикистон чанд аст?
Манъи тасвири “мавҷудоти зинда” дар расонаҳо ва мухолифат бо мусиқӣ дар бозори Тирмиз. Маҳдудиятҳои нави Толибон
Ҳукумат лоиҳаи қонуни нави матбуотро напазируфт
Қирғизистон насби ёдгориҳо дар қабристони мусулмононро манъ мекунад
Таъмини деҳоти кишвар бо барқ. Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои таъмини нерӯи барқро дар ВМКБ ифтитоҳ кард
“Барои модарони ҷавонони гумроҳ ғамгин мешавам”. Муфтии Тоҷикистон ба саволҳои шаръии онлайн посух дод
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қатар оғоз мешаванд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста