Мақомоти амниятии Олмон ҳафт зодаи давлатҳои Осиёи Марказиро бо иттиҳоми терроризм боздошт кардаанд, ки панҷ нафари онҳо аз Тоҷикистон мебошанд. Дар ин бора Додситонии Олмон иттилоъ дод.
Ин ниҳод дар изҳороте гуфт, нафарони боздоштшуда ба таъсиси гуруҳи террористӣ ва дастгирии гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" муттаҳам мешаванд.
“Ҳафт мард дар иёлати ғарбии Райн-Вестфалени шимолӣ боздошт шудаанд. 5 нафари боздоштшудагон аз Тоҷикистон, як нафар аз Туркманистон ва як нафари дигар аз Қирғизистон мебошанд”, - гуфтааст ин Додситонии Олмон.
Додситонии Олмон аз боздоштшудаҳо Муҳаммадшуҷоъ А, Нуриддин К, Шамшод Н, Саид С ва Раббонӣ З ном бурда, навишт, ки онҳо ба эҳтимоли зиёд аз Украина вориди ин кишвар шудаанд.
“Ба гуфтаи додситонҳо, ҳадафи гумонбарон анҷом додани "ҳамлаҳои пурсарусадои террористӣ дар Олмон” буд ва онҳо аллакай ҳадафҳоро муайян карда, дар талош буданд, ки силоҳ ба даст оранд. Шаш нафари онҳо аз моҳи апрели соли 2022 барои гуруҳи “Давлати исломӣ” маблағ ҷамъ карда, чанд маротиба ба гуруҳҳои террористӣ маблағ фиристодаанд”, - гуфтааст Додситонии Олмон.
Ҳамчунин, дар ин рӯз Додситонии Ҳоланд низ аз боздошти ду нафар бо иттиҳоми терроризм хабар дод. Онҳо марди 29-сола аз Тоҷикистон ва ҳамсараш зани 31-сола аз Қирғизистон мебошанд. Додситонии Ҳолланд гуфтааст, ин ду нафар бо чанд нафар дар Олмон дар тамос буданд. Ин марди тоҷик ба узвият дар созмони “Давлати исломӣ” муттаҳам мешаванд, вале додситонии Ҳолланд гуфтааст, “нақшаҳои ӯ ҳанӯз мушаххас набуд”. Гуфта мешавад, ин мард узви гурӯҳе буд, ки дар Олмон боздошт шуданд.
“Ин ду нафар аз соли 2022 дар Ҳолланд зиндагӣ мекарданд ва барои омодагӣ ба амалиёти террористӣ гумонбар мешаванд. Ин мард ҳамчунин ба узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ” гумонбар дониста мешавад”, - гуфтааст Додситонии Ҳолланд.
Аммо Додситонии Ҳоланд шахсияти нафарони боздоштшударо ошкор накардааст.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба расонаи Спутник гуфтааст, ки “намояндагии дипломатии Тоҷикистон дар Олмон аз нирӯҳои амниятии Олмон тасдиқи боздошти тоҷиконеро, ки гӯиё ба ҳамлаи террористӣ омода мекарданд, дархост кардааст”.
“Ниҳоди дипломатии мо дар Олмон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Олмон дар тамосанд ва дар бораи ин парвандаи ҷиноӣ маълумоти расмӣ дархост кардааст”, - бо истинод ба ВКД менависад ин расона.
Гуфтан ба маврид аст, ки ин аввалин боздошти зодагони Тоҷикистон дар Аврупо, бахусус дар Олмон бо иттиҳоми терроризм нест. Соли гузашта низ Олмон панҷ зодаи Тоҷикистонро бо гуноҳи узвият дар гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ба зиндон маҳкум карда буд.