Ду сокини минтақаи шимоли Тоҷикистон барои ташкили чорабиние, ки қонунгузорӣ манъ кардааст, метавонанд ба маблағи зиёд ҷарима шаванд, хабар медиҳад Раёсати ВКД дар вилояти Суғд дар нашри махсуси барномаи “Пайки Суғд”.
Яке аз вайронкунандагони қонун дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим Гулбарг Акобирова - фурӯшандаи мағозаи “Абдулазиз” дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри Хуҷанд мебошад: “ӯ ба муносибати ҷашни зодрӯзаш зиёфати пуршукӯҳ ташкил кардааст””, - чунин арзёбӣ мекунанд ин чорабиниро дар мақомоти милитсия.
Бино ба маълумоти Раёсати ВКД, ҷашни зодрӯз рӯзи 13 сентябр бевосита дар ҷойи кори зан - мағоза баргузор шуда, ӯ ба он ҳудуди 15 нафар занон, асосан ҳамкорони худро даъват кардааст.
Дар сабти видеоии барнома дида мешавад, ки мағоза бо пуфакҳо ва лавҳа бо навиштаҷоти “Зодрӯз муборак!” оро дода шуда, дар мизи ороста дар маркази мағоза анвои таъомҳои гуногун ва торти идона гузошта шудааст.
Гуфта мешавад, ин зан муқаррароти моддаи 8-и қонун дар бораи танзими анъана ва ҷҷашну маросимро, ки соли 2007 қабул ва соли 2017 сангинтар шудааст, риоя накардааст: тибқи тағйирот, зодрӯзро метавон танҳо дар доираи аҳли оила ҷашн гирифт.
“Ба шаҳрвнадони Тоҷикистон даъвати ҳамкорон ё каси дигар, ба ҷуз аъзои оила ба ҷашни зодрӯз манъ аст”, - хотиррасон мекунад мақомоти милитсияи Суғд.
Дар робита ба риоя накардани ин қонун, мувофиқи моддаи 481, қисми 2 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон (Риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҶТ дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо), зан метавонад ба маблағи зиёд ҷарима шавад.
Дар гузориши видеоӣ дар бораи бо кадом қисми модда ҷазо додан ва маблағи ҷарима хабар дода намешавад.
Дар хадамоти матбуоти Раёсати ВКД дар вилояи Суғд зикр карданд, ки нисбати ӯ қисми дуюми моддаи 481 татбиқ мешавад, ки мувофиқи он ҳаҷми ҷарима 740 нишондиҳанда барои ҳисоб (1 нишондиҳанда - 68 сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.
Ин қисми модда нисбат ба соҳибкорони инфиродӣ, ходимони дин ва муллоҳо мавриди амал қарор дода мешавад.
Ба ин тариқ, Гулбарг Акобирова бо ин қисми модда ҷарима мешавад, зеро ӯ соҳибкори инфиродӣ аст: барои ҷашни зодрӯзи худ ӯ метавонад 51 ҳазор сомонӣ (тақрибан 4600 доллар) пардохт кунад.
Ҷарима барои хатнасур
Дар гузориши видеоӣ ҳамчнуин дар бораи боз як ҳолати риоя накардани қонун дар бораи танзими ҷашну анъана ва маросим дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар дода мешавад.
Сокини маҳаллӣ Ҷасурбек Зуҳуров рӯзи 16 сентябр ба муносибати хатнасури писаронаш зиёфат додааст.
Тавре ки гуфта мешавад, Зуҳуров зиёда аз 150 нафар меҳмононро даъват кардааст, ки ин риоя накардани қонун буда, ба баргузории ин мароси танҳо дар доираи аҳли оила иҷоза дода мешавад.
Барои ин қонуншиканӣ ӯ метавонад дар ҳаҷми 110 нишондиҳанда барои ҳисоб - 7480 сомонӣ ҷарима шавад.
Қобили зикр аст, ки қаблан дар Тоҷикистон қонунҳое ба тасвиб расиданд, ки баргузории ҷашнҳо, аз ҷумла ҷашни зодрӯзу дигар маросимҳоро маҳдуд мекунанд. Мақомот инро чунин шарҳ медиҳанд, ки маҳдудиятҳо ба шаҳрвандон дар сарфаи пул, ки метавонанд барои эҳтиёҷоти дигари оила харҷ намоянд, кумак мекунанд.