Додгоҳи ноҳияи Лефортовои Маскав шаҳрванди Тоҷикистонро ба гумони даст доштан дар ҷосусӣ (модд. 276 КҶ ФР) ба ҳабс гирифт, хабар дода мешавад дар Telegram-канали додгоҳҳои салоҳияти умии пойтахт.
"Рӯзи 10 октябри соли 2023 Додгоҳи ноҳияи Лефортовои шаҳри Маскав дар ҷаласаи пӯшидаи додгоҳ дархости тафтишот дар бораи интихоби чораи пешгирӣ дар намуди ҳабс нисбати шаҳрванди Тоҷикистонро баррасӣ кард", - омадааст дар хабар.
Тавре ки ТАСС хабар медиҳад, додгоҳ дархости муфаттиши Хадамоти федералии амният (ФСБ)-ро қонеъ кардааст.
«Суд дархости муфаттиши Хадамоти федералии амниятро қонеъ карда, нисбат ба шаҳрванди хориҷӣ Тиллозода Ш., ки бо моддаи 276 КҶ ФР (ҷосусӣ) гумонбар дониста мешавад, чораи пешгирӣ дар намуди ҳабсро ба муҳлати то 10 декабр интихоб намуд», - иттилоъ додаанд ба хабаргузорӣ.
Моҳияти айбҳо нисбат ба гумонбарро ба ТАСС мушаххас накардаанд. Дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ТАСС танҳо хабар додаанд, ки номи боздоштшуда Шарифҷон аст.
Дар додгоҳи шаҳри Одинтсовои вилояти Маскав қаблан ба ТАСС зикр карда буданд, ки як нафар бо чунин ному насаб 20 сентябр ҳангоми боздид аз минтақаи пӯшида дар вилояти Маскав аз ҷониби маъмурони пулис боздошт шудааст.
«Суд амалҳои Тиллозода Ш.-ро тибқи қисми 3 моддаи 28.8 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Русия (вайрон кардани низоми будубоши шаҳрванди хориҷӣ дар Русия, ки бо вайрон кардани тартиби интихоби ҷои будубош ифода шудааст) арзёбӣ карда буд», - гуфтаанд ба ТАСС дар додгоҳ.
Ӯро бо ихроҷи маҷбурӣ аз Русия 5 ҳазор рубл ҷарима бастаанд. Тавре ки аз маводи мурофиаи додгоҳии аз ҷониби ТАСС баррасишуда бармеояд, Тиллозода гуноҳи боздид карданаш аз қаламрави пӯшидаро эътироф намуда, аммо мушаххасан нагуфтааст, ки бо чӣ ҳадаф ин корро кардааст. Пас аз ин ӯро дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар шаҳри Егоревск ҷойгир карданд.
Дар маводи ТАСС хабар дода намешавад, ки дар бораи кадом қаламрави пӯшида сухан меравад.
Дар ҳамин ҳол, ба навиштаи Mash, шаҳрванди Тоҷикистонро барои мунтазам ирсол намудани маълумот дар бораи ҷойгиршавии системаҳои дифои зиддиҳавоӣ дар наздикии пойтахт ба Хадамоти амнияти Украина (СБУ) боздошт кардаанд.
Ба гузориши Mash, Шарифҷон Тиллозода дар ҳудуди як қисми низомии пӯшида боздошт шудааст. Дар аввал ӯро ба сифати коргари одӣ қабул намуда, лекин маълум шудааст, ки ӯ аксабардорӣ намуда, ба роҳбарони хориҷиаш мефиристодааст. Тафтиш исбот кардааст, ки вай бевосита бо Хадамоти амнияти Украина робита доштааст.
Дар сурати собит шудани иттиҳом, ба ӯ то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Наврӯз-бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2025
Интернет дар Тоҷикистон арзон мешавад?
Таъкиди раиси ҷумҳур ҳам асар накард? “Маршировка”-и садҳо донишҷӯй дар Хуҷанд барои таҷлили ҷашни Наврӯз
Ду рӯз пеш аз солгарди ҳамла ба “Крокус”. Муҳлати ҳабси гумонбарони асосӣ ду моҳи дигар тамдид шуд
Баҳорро бо пойгоҳҳои нави базавӣ пешвоз мегирем!
Замону макони чорабиниҳо маълум шуд. Имсол ҷашни Наврӯз дар Суғд чӣ гуна таҷлил мешавад?
Наврӯз муборак! Дар Тоҷикистон Соли нави хуршедӣ фаро расид
Ҳалли масоили сарҳадӣ миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон – намунаи беназир дар шароити кунунии ҷаҳонӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста