Оҷонсии зиддифасоди Тоҷикистон дар чанде аз вазорату идораҳои кишвар, ки дар байни онҳо  Корхонаи муштараки “Зарафшон”, Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, Гвардияи миллӣ, Оҷонсии нафақа ва Вазорати кишоварзӣ низ ҳастанд, зарари молиявиро ошкор кардааст.

Дар ин бора Сулаймон Талбакзода, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи навбатии парлумони Тоҷикистон рӯзи 2-юми ноябр гузориш додааст.

Тавре рӯзномаи “Садои мардум”менависад, Сулаймон Талбакзода дар ҳузури вакилон гуфтааст, дар 9 моҳи соли равон 213,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шудааст.

Ба иттилои Талбакзода, аз маблағи ошкоргардида хароҷоти ғайриқонунӣ 18,1 миллион сомонӣ, камомад ва тасарруф 24,9 млн. сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмонӣ 52,9 млн. сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 1,6 млн. сомонӣ, талафи воситаҳои пулию молӣ 63,3 млн. сомонӣ, маблағи кам ҳисобшуда ва рӯйпӯшгардидаи андозу пардохтҳои ҳатмӣ 52,8 млн. сомониро ташкил медиҳанд.

“Зарарҳои молиявии нисбатан калон асосан зимни тафтиши Ҷамъияти дорои масъулияти  маҳдуди Корхонаи муштараки “Зарафшон” 60,7 млн. сомонӣ, муассисаҳои соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 12,4 млн. сомонӣ, Агентии таъминоти амволи махсус 5,5 млн. сомонӣ, Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ” 5,1 млн. сомонӣ, ҶСК “Шабакаҳои интиқоли барқ”, шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳрҳои Душанбе, Норак, Бохтар, Гулистон ва Истаравшан 4,1 млн. сомонӣ ошкор гардид”, - гуфтааст ин масъули давлатӣ.

Ҳамчунин, зарарҳои калони молиявӣ дар зерсохтори Гвардияи миллӣ 3,9 млн. сомонӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 2,8 млн. сомонӣ, Вазорати кишоварзӣ 2,6 млн. сомонӣ, Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” 2,5 млн. сомонӣ, “Тоҷикстандарт” 2,2 млн. сомонӣ ошкор шудааст.

Дар бораи барқарор шудани зарарҳои ошкоргардида хабар дода намешавад. Ҳамчунин гуфта намешавад, ки барои расонидани зарари молиявӣ нафаре ҷазо гирифт ё не.

Соли гузашта Палати ҳисоби Тоҷикистон хабар дод, ки чанд корманди масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Идораи зиндонҳои Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ва мақомоти иҷроия дар бархе ноҳияҳоро барои зарари молиявӣ ба давлат аз мақомашон барканор кардаанд.

Акс аз сомонаи Радиои Тоҷикистон

Ҳамчунин, Сулаймон Талбакзода гуфтааст, ки аз 6,2 млн. сомонӣ зарари молиявӣ ошкоргардида аз 14 маркази татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ 5,6 млн. сомонӣ ва аз 37,8 млн. сомонӣ зарари молиявии ошкоргардида дар ташкилоту муассисаҳои буҷетии 15 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 37 млн. сомонӣ барқарор карда шудааст.

“Аз маблағҳои ошкоршуда ба шаҳри Душанбе 7,3 млн. сомонӣ, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров — 5,6, Спитамен — 3,7, Айнӣ — 3,2, Исмоили Сомонӣ — 2,5, Файзобод 2,3, Лахш — 2,2, Варзоб — 1,8, Абдураҳмони Ҷомӣ — 1,6, Дӯстӣ — 1,6, Қубодиён — 1,5, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 1,3, Кӯҳистони Мастчоҳ — 1, Шуғнон 1 млн. сомонӣ ва ба Мурғоб 711,9 ҳазор сомонӣ рост меояд”, - гуфтааст ӯ.

Ошкор шудани беш аз 200 млн сомонӣ зарари молиявӣ дар 9 моҳ дар ҳолест, ки коршиносони байналмилалӣ аз вуҷуди фасод дар ниҳодҳои Тоҷикистон нигаронӣ мекунанд. Дар чанд соли охир ҳам Оҷонсии зиддифасод ва Палати ҳисоби Тоҷикстон аз ошкор шудани қонунвайронкуниҳои молиявӣ дар ниҳодҳои Тоҷикистон хабарҳо нашр мекунанд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.