Дар сомонаи созмони байнулмилалии пулиси ҷиноӣ (Интерпол) сабте нашр шуд, ки дар он зодаи 37-солаи Тоҷикистон Маликмаҳмад Қувватов мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст.
Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳо мутобиқи моддаи 208-и Кодекси ҷиноятии Русия, аз ҷумла “иштирок дар фаъолияти созмони террористӣ; гузаштан аз давраҳои омодагӣ бо мақсади фаъолияти террористӣ; то ба ҷиноят содир кардан оварда расонидани шахс айбдор карда мешавад, хабар медиҳад Centralasian.org.
Маълумот дар бораи Қувватов аввали моҳи ноябри ҳамин сол нашр шуда буд. Дар яке аз аксҳое, ки дар сомонаи расмии Интерпол нашр шуда буд, зодаи Тоҷикистон бо автомат дар дасташ тасвир ёфтааст.
Моҳи апрели соли равон Маликмаҳмад Қувватов ба рӯйхати навшудаи гумонбарон ба терроризм дар Русия шомил шудааст. Маълумот дар бораи ба Интерпол аз ҷониби мақомоти Тоҷикистон ворид шудани дархост мавҷуд нест.
Дар ҳамин ҳол, ному насаби Маликмаҳмад Қувватов дар рӯйхати Бонки миллии Тоҷикистон дар бораи шахсони марбут ба терроризм таҳти рақами 819 зикр шудааст.
Дар феҳристе, ки шахсон бо “огоҳиномаҳои сурх” - Red Notices ҷустуҷӯ мешаванд, 41 шаҳрванди Тоҷикистон зикр шудаанд, ки бо дархости Душанбе ё Маскав дар саросари дунё мавриди пайгард қарор доранд. Онҳо асосан дар содир намудани ҷиноятҳои марбут ба терроризм, хариду фурӯши маводи нашъаовар ё куштор гумонбар дониста мешаванд.