Як вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд бо иттиҳоми тасарруфи беш аз 1 млн сомонӣ пули буҷет аз ҷониби Оҷонсии зиддифасод боздошт шудааст. Ҳоло парвандаи ӯ дар додгоҳ баррасӣ мешавад.
Тибқи иттилои Оҷонсии зиддифасод, Усмонов Қ.И., вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии “Саразм”, №29, ки ҳамзамон аз соли 2019 дар вазифаи сардори Идораи давлатии беҳдошти замин ва обёрии ҳавзаи дарёи Зарафшон фаъолият доштааст, зимни иҷроиши корҳои сохтмонӣ дар иншооти “Сохтмони пойгоҳи обкашӣ дар мавзеи Дашти Қозии шаҳри Панҷакент” беш аз 1 млн сомониро тасарруф намудааст.
“...қубурҳои қаблан истифодашударо бо нархи нисбатан арзон харидорӣ намуда, дар як маврид фарқияти маблағи 1 068 650 сомонии ба ин мақсад пешбинишударо, ки ба ў бовар карда супорида шуда, дар ихтиёраш қарор дошт, бо роҳи азонихудкунӣ ва сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ тасарруф намудааст”, - менависад ин ниҳод.
Ҳамакнун, Оҷонсии зиддифасод нисбати Усмонов Қ.И. бо моддаҳои 245 қисми 4 банди “б” ва 323-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда оғоз карда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба додгоҳ ирсол кардааст.
Назари худи муттаҳам ва ё вакили дифои ӯ дар бораи иттиҳоми эълоншуда маълум нест.
Бояд гуфт, ки ин аввалин ҳолати боздошти мансабдор бо ҷурми фасод давоми соли ҷорӣ дар шаҳри Панҷакент нест. Қаблан Оҷонсии зиддифасод чанд масъули “Шабакаҳои барқи шаҳри Панҷакент”-ро бо иттиҳоми сохтакории ҳуҷҷатҳо ва тасарруфи беш аз 2 миллион сомонӣ боздошт карда буд.
Дар бораи назари мансабдорон ба фасод ва шеваи мубориза бо он аз матлаби мо маълумоти бештар гиред.
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Ато Мирхоҷа: “Адибони тунуквиҷдон сабаби пайдоиши “шоирону нависандагон”-и қаллоб шуданд”
Кор дар Қатар. Вазорати меҳнат бори дигар рӯйхати касбу ихтисосҳои зарурро нашр кард
Рушди ҳукумати электронӣ. Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ дар мақоми охир қарор дорад
Байни Хуҷанд ва Новосибирск боз ҳаракати автобусҳо оғоз мешавад
Душанбе: аввалин универмаг, автобус ва ҳайкал кай пайдо шуд?
Ваъдаи 200 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ аз сӯи мақомот барои кумак дар ошкор кардани ду ҳодисаи куштор
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста