Дар Тоҷикистон минбаъд ба волидони кӯдаконе, ки санги болои қабрҳоро мешикананд ё зарар мерасонанд, то наздики 1,5 ҳазор сомонӣ ҷарима таъйин мегардад. Аммо агар ин амалро шаҳрвандони болои синни 18 анҷом диҳанд, то 36 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд ва ё то 3 сол аз озодӣ маҳрум мегарданд. То кунун якчанд қазияи шикастани санги мазорҳо расонаӣ шудааст.

Муҷозоти нав барои волидони ноболиғон

Ҷаримаи волидони ноболиғон барои тахриб кардан ё осеб расонидани санги мазорҳо муҷозоти нав мебошад. Он ахиран дар қисми 2-юми моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ илова карда шуд.

Бар асоси ин модда, аз ин пас ба волидони кӯдаконе, ки ба санги болои қабрҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо насбшуда зарар мерасоанд, ба андозаи аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин карда мешавад.

Ҳоло 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ баробар аст ва тибқи ин муқаррарот акнун волидони “кӯдакони вайронкор” аз 1 ҳазору 80 то 1 ҳазору 440 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Агар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран ҳолати тахриб ё зараррасонӣ ба санги мазорҳо ба қайд гирифта шавад, аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима таъйин мегардад.

Қаблан дар моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ чунин ҷазо пешбинӣ нагардида буд. Ин тағйирот рӯзи 20-уми июн ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ илова шуд ва ба он раиси ҷумҳури Тоҷикистон имзо гузошт.

Рӯзи 22-юми июн тағйиру иловаҳо дар нашрияи расмии кишвар - “Ҷумҳурият” ба чоп расида, ҳукми иҷро пайдо кард.

Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҷазои ҷиноятӣ ба шаҳрвандони болиғи Тоҷикистон

Тахриб ва зараррасонӣ ба санги мазорҳо мавзӯи ҳассос миёни ҷомеаи кишвар аст. Дар қонунгузории Тоҷикистон, агар ин амалро шахсони болои синни 18 анҷом диҳанд, ҷиноят дониста мешавад.

Мувофиқи моддаи 243-и Кодекси ҷиноятӣ, барои “таҳқири ҷасади фавтидагон ё несту нобуд ё вайрон намудан ё касиф сохтани гӯри онҳо, сохтмонҳои рӯи қабр ё бинои қабристон, ки барои маросими дафн ё ёдбуди гузаштагон пешбинӣ шудаанд, бо ҷарима ба андозаи аз 300 то 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳдуд кардани озодӣ ба мӯҳлати то 3 сол ҷазо дода мешавад”.

Дар соли 2024-ум 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ баробар аст ва тибқи ин муқаррарот аз 21 ҳазору 600 то 36 ҳазор сомонӣ ҷарима баста мешаванд.

Агар ҳамин амал аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё гурӯҳи муташаккил, аз рӯи ҳиссиёти бадбинӣ ё хусумати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ё динӣ сар занад, қонун аз 2 то 5 соли маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки ин муқаррарот ба моддаи 243-и Кодекси ҷиноятӣ соли 2004 ворид шуда, соли 2008 ба ин модда банди “а”-и қисми 2 - “аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ, ё гурӯҳи муташаккил” сар задани ҷиноят - илова шудааст. Минбаъд ҷазои ин модда дар давоми 20 сол тағйир наёфтааст.

Тахрибкориҳое, ки муттаҳамонаш шинохта нашуданд

Дар Тоҷикистон то кунун даҳҳо ҳолати тахриб кардану осеб расонидан ба санги мазорҳо ба қайд гирифта шудаву расонаӣ ҳам гардидааст. Барои мисол метавон аз қазияҳои дар шаҳру навоҳии Бохтару Истаравшан, Айниву Бобоҷон Ғафурову Ёвон ва ҳатто Душанбе рухдодаро ёдоварӣ кард.

Аммо дар аксар ҳолат шахсияти вайронкунандагони сангҳои болои мазор муайян намешаванд.

Аз ҷумла, бархе аз сокинони шаҳри Душанбе соли 2021 шикоят доштанд, ки дар як соли ахир бори дувум сангҳои катибадор дар қабристони маҳаллаи Шоҳмансури пойтахт вайрон шуданд.

Сокиноне, ки наздиконашон дар ин қабристон ба хок супорида шудаанд, ба ғайр аз тахриби сангҳои катибадор, аз ҳолатҳои кандани панҷараҳои атрофи қабр ва ҳатто дуздидани онҳо ҳам хабар дода буданд.

Пештар аз ин, дар соли 2019 афроди ношинос дар қабристони деҳаи Боғи Калони шаҳри Истаравшан тақрибан 20 санги мазорро шикаста буданд. Он вақт нозири минтақавӣ ин ҳолатро санад карда буд, вале мақомот расман вазъиятро шарҳ надода буданд. Ҳоло маълум нест, ки дар пайи ин қазия ягон нафар дастгир шуд ва ё на.

Ҳамин тариқ, соли 2015 дар рустои Ревади ноҳияи Айнӣ афроди ношинос санги қариб 30 қабрро шикастанд ва дар пайи он пулиси ноҳияи Айнӣ парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Сокинон он замон мегуфтанд, “шаби 18 ба 19-уми май санги болои тақрибан 30 қабрро, ки навиштаҷоте бо ҳарфҳои кириллӣ доштаанд, пора - пора кардаанд”. Дар ин ҳодиса ҳам гумонбарон маълум нагардиданд ва дақиқ ҳам нашуд, ки ин қазия аз рӯйи хусумат буд ва ё омили дигаре дошт.

Соли 2012 ҳам як гурӯҳи номаълум баъзе аз қабрҳои оромгоҳи “Ҷаннут-ул-бақия” дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро хароб кардаанд. Дар ин қазия ҳам мақомот бар асоси моддаи 243-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд, вале дигар маълум нашуд, ки дар пайи он қазия ҳам касе дастгир шуд ва ё на.

Яке аз оромгоҳҳои шаҳри Бохтар

Сангимазоршикане, ки бо ҷарима озод шуд

Соли 2017 дар шаҳри Бохтар як сокини маҳаллӣ бо гуноҳи шикастани санги мазорҳо боздошт гардид.

Дилшод Давлатбекови он замон 22-сола ба шикастани 28 санги мазор дар оромгоҳи деҳаи Хурсандии ҷамоати деҳоти Меҳнатободи шаҳри Бохтар айбдор шуда буд.

Ба иттилои расонаҳо, Дилшод Давлатбеков бо ҳукми Додгоҳи олии Бохтар ба маблағи 15 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд. Саидраҳмон Давлатзода, раиси вақти Додгоҳи олии Бохтар он замон гуфта буд, ки муттаҳам ба гуноҳаш иқрор шуда ва аз он изҳори пушаймонӣ кардааст, аз ин рӯ, бо пардохти ҷарима озод гардидааст.

Ин аз камтарин қазияҳои шикастани санги болои қабрҳо аст, ки муттаҳамаш шиносоӣ гардида ва ҷазо ҳам гирифтааст.

Салиби қабри масеҳиён ҳам дар амон набудааст

Ҳамаи он ҳолатҳое, ки мо дар боло зикрашон кардем, дар оромгоҳҳои мусулмонони кишвар ошкор гардида буданд, вале салибҳои қабрҳои масеҳиёни муқими Тоҷикистон ҳам, ба қавле “дар амон набудаанд”.

Яке аз оромгогҳҳои шаҳри Душанбе

Ҷамъияти масеҳиён соли 2018 аз кандану дуздидани салибҳои сари қабр дар яке аз қабристонҳояшон дар ноҳияи Ёвон хабар додаанд. Ҳарчанд, он вақт аз фурӯхтани “оҳанпораҳои сари қабри масеҳиён” иттилоъ нашр шуда буд.

Ба иттилои ҷамъияти масеҳиёни ноҳияи Ёвон, дар чанд соли охир камаш 50 салибу панҷараи атрофи қабрҳо кандаву нест шудаанд. Мақомот ба раиси ҷамъияти масеҳиёни Ёвон Вера Тимофеева он замон ваъда дода буданд, ки муттаҳамонро пайдо карда, ҷазо медиҳанд.

Вале то кунун маълум нест, ки дар пайи ин қазия ҳам касе ба ҷавобгарӣ кашида шудааст ва ё на.

Ёдовар мешавем, ки сабаби тахриби санги болои қабрҳо аз ҷониби мақомот расман шарҳ дода нашудааст. Аммо коршиносон онро ба чанд омил вобаста медонанд. Аз ҷумла, як сабаби тахриби сангҳову салибҳои оҳании болои қабрҳо фурӯш он гуфта мешавад. Дар баробари ин, тундгароӣ ҳам омили таъсиррасон дар тахриби сангҳои болои мазор дониста мешавад. Иддае аз тундгароён санг болои гӯрро қабул надоранд ва онро бегона барои ислом медонанд, аз ин лиҳоз ба тахриби он даст мезананд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.