Пулиси пойтахт, дар асоси шикояти шаҳрвандон 10-нафар ҷавонро, ки бо истифодаи силоҳи сард сокинони пойтахтро тарсониданд ва мунтазам ба авбошӣ машғул буданд, боздошт кардааст. Дар ин бора Раёсати ВКД дар Душанбе хабар дод.
Ба навишти манбаъ, зимни санҷиш муайян шудааст, ки Абдуҳалим Муҳаммадиев, Меҳроҷ Раҳимов, Ҷамолиддин Оев, Муҳаммад Нуров, Иброҳим Муҳаммадиев, Муҳаммад Саидмуродзода, Саидмаҳмуд Оев, Ҷамшед Абдулхайров, Фатҳиддин Туманов ва Шариф Юлдошев дар ҳудуди ноҳияи Синои пойтахт шабгардӣ намуда, тартиботи ҷамъиятиро вайрон кардаанд.
“...бо истифода аз яроқи сард ба тарс додани шаҳрвандон ва мунтазам ба содир намудани кирдорҳои зидди ҷамъиятию авбошӣ машғул будаанд”, ‑ омадааст дар хабар.
Гуфта шудааст, ки се нафари онҳо доғи судӣ дошта, қаблан бо моддаҳои Кодекси ҷиноятӣ ҷазо гирифтаанд. Аз ҷумла, Абдуҳалим Муҳаммадиев бо моддаи 249-роҳзанӣ, Муҳаммад Нуров бо моддаи 244-дуздӣ ва Иброҳим Муҳаммадиев бо моддаи 248-ғоратгарӣ маҳкум шудаанд.
Зикр шудааст, ки ҳамаи гумонбарон ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, нисбати онҳо корҳои тафтишотӣ идома дорад. Муайян нест, ки нисбати онҳо бо кадом моддаи қонунгузорӣ ҷазо таъин карда мешавад.
Мақомот дар зимн аз сокинон даъват кардааст, ки агар аз тарафи ин ҷавонон ба онҳо зараре расида бошад, бо рақамҳои +992 900 71 67 67, ба пулиси пойтахт муроҷиат кунанд.
Бояд зикр намуд, ки хабари мусодираи силоҳи сард дар байни сокинон аз тарафи мақомот зуд-зуд нашр мешавад. Ба иттилои Раёсати ВКД давоми шаш моҳи соли ҷорӣ дар доираи амалиёти "Корд" дар пойтахт аз ноболиғон ва ҷавонон 62 адад силоҳи сард мусодира шудааст.
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Таҳдиди муҷозот барои барои андозбандии беасос. Кумитаи андоз ба шикояти кишоварзон расидагӣ кард.
Сокини Конибодом ба ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Украина гумонбар мешавад
Далер Назаров: “Агар шеър менавиштам, мехостам чун Лоиқ нависам...”
Ҷонибек Ҳикмат президенти Шӯрои иҷроияи ЮНИСЕФ интихоб шуд. Ӯ кист?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста