Дар Тоҷикистон волидони хонадагоне, ки ба мактаб арақу сигору нос ва воситаҳои нашъадор ё спиртӣ мебаранд ва маводҳои дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ ё порнографӣ доштаро паҳн мекунанд, қариб 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.
Ин муҷозоти нав ба падару модарони ноболиғон аст ва дар тағйироте, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карда шуд, зикр гардидааст.
Қисми 2-и моддаи 90-и кодекси мазкур муҷозоти як силсила қоидавайронкуниҳоро пешбинӣ карда, аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъйин намудааст.
Ҳоло 1 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 72 сомонӣ баробар аст ва тибқи ин муқаррарот акнун волидони “кӯдакони ҳуқуқвайронкун” аз 1 ҳазору 80 то 1 ҳазору 440 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.
Аммо агар давоми як соли баъди таъйини ҷазои маъмурӣ такроран амалҳои мазкур содир шаванд, аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима муайян шудааст.
Манъи паҳн кардани маводи террористӣ, тундгароӣ ё порнографӣ
Акнун тибқи муқаррароти нав агар кӯдакон ба ҳар навъе маводи дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, зӯроварӣ ва порнографӣ доштаро паҳн кунанд, падару модарони онҳо ҷарима мешаванд.
Бояд гуфт, ки дар қонунгузории кишвар паҳн кардани маводи дорои хусусияти террористӣ ё экстремистӣ дошта, новобаста аз синну сол, манъ аст. Аммо дар қисми 2-и моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ норӯшание мушоҳида мешавад.
Ба қавли ҳуқуқшиносон, агар дар таркиби амали содиркардаи кӯдакон ҷиноят дида нашавад, волидони онҳо ҷарима баста мешаванд. Вале агар дар таркиби амали содиркардаи кӯдакон ҷиноят собит шавад, кӯдакон низ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Ғайр аз ин, то кунун дар асоси моддаи 241, қисми 2-и Кодекси ҷиноятӣ “истифодаи ноболиғ бо мақсади истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ” манъ буд ва барои он ҷазои ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст.
Ҷазои волидон барои ба дискоклубҳо рафтани кӯдакон
Ба марказҳои дилхушӣ ва ё дар вақти бо қонунгузории Тоҷикистон манъшуда ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдакон ҳам манъ аст ва агар ин амал сурат гирад, волидон ҷарима баста мешаванд.
Тибқи Қонун “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” аз соати 18:00 то соати 08:00, яъне шабона, ба марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ рафтани кӯдакон манъ аст.
Дар мафҳуми “марказҳои дилхушӣ” - клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок фаҳмида мешавад, ки тибқи қонуни болозикр дар ҳар вақту соате рафтани кӯдак манъ аст.
Гуфтан ба маврид аст, ки ахиран барои соҳибкороне, ки кӯдакони ноболиғро ба марказҳои дилхушӣ, клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок роҳ медиҳанд, бар асоси моддаи 464, қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, то 14 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима муқаррар шуд.
Ғайр аз ин, ҷаримаи шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҳам сангинтар гардид, ки метавонед тафсилоти онро дар матлаби дигари “Азия-Плюс” мутолиа намоед.
Акнун волидон барои ба мактаб арақу сигору нос бурадни фарзандашон муҷозот мешаванд
Муҷозоти дигаре, ки қисми 2-и моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пеш гузоштааст, ба мактабҳо иртибот мегирад.
Дар асоси он, “ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахттаъсир ва мадҳушкунандаи дигар” манъ гардиддаст ва барои ин амалҳо волидон ҷарима мешаванд.
Пештар дар асоси Қонун “Дар бораи маориф” дар мактаб “истеъмоли нӯшокиҳои спиртӣ (аз ҷумла оби ҷав), воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ, маҳсулоти тамоку (аз ҷумла нос) ва маводи сахттаъсир” манъ буд, вале барои ин амалҳо волидон ҷарима намешуданд.
Ғайр аз ин, ба макотиб “асбобу ашёи манъшуда ва халандаву буранда” ҳамроҳ бурдани хонандагон манъ шудааст. Дар мафҳуми “асбобу ашёи манъшуда” чиҳо дохил мешаванд, маълум нест, вале дар мафҳуми “халандаву буранда” ба эҳтимоли зиёд корд, чобқу, қайчӣ ва монанди онҳо фаҳмида мешавад.
Ҳамчунин, ҳама гуна машруботи спиртӣ ё нашъадор ва асбобу ашёи манъшуда ва халандаву бурандаро ҳамроҳ гирифта гаштани кӯдакон манъ аст ва барои ин амалҳоро анҷом додани кӯдакон волидонашон ҷарима хоҳанд шуд ва дар сурати ба чунин амалҳо ҳам даст задани кӯдакон волидон ҷарима мешаванд.
Дар Тоҷикистон зина ба зина уҳдадории падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ва ба таҳсил фаро гирифтани онҳо сангинтар мешавад. Бояд гуфт, ки аз ин пас волидони муҳассилин барои бесабаб зиёда аз 50 соат ба дарс наомадани фарзандашон то 864 сомонӣ ҷарима баста мешаванд.
Ғайр аз ин, дар макотиби кишвар барои хонандагон зиёд маҳдудият гузошта шудааст. Аз ҷумла, сар аз соли 2007 бо фармони вазири маориф ва илми кишвар бо телефони мобилӣ ба мактаб омадани хонандагон ва истифодаи он дар дохили мактабҳо манъ карда шуд.
Аммо ин фармони вазир ба таври бояду шояд амалӣ нагардид ва моҳи марти соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”-ро тасдиқ карданд, ки тибқи муқаррароти он, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ қонунан мамнӯъ эълон шуд.
Ин тасмими мақомот миёни ҷимеа назарҳои гуногунро ба миён оварда буду то ҳол ҳаст. Қисме аз падару модарон мехоҳанд, ки фарзандонашон дар раванди дарс аз телефонҳои мобилӣ истифода баранд ва иддаи дигар бар ин назаранд, ки телефонҳо ба кӯдакон зарар доранд.
Ҳамин тавр, дар сурати ба биною иншоот, панҷараҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда зарар расондани кӯдакон, волидонашон муҷозот хоҳанд шуд.
Тафсилоти дигари қонунгузориро дар мавриди тахриб ё зарар расонидан ба санги болои қабрҳо, ки ахиран дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ илова шуд, дар матлаби зерини “Азия-Плюс” мутолиа кунед.
Ёдовар мешавем, ки раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 20-уми июн ба тағйиру иловаҳои як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмур имзо гузошт ва он рӯзи 22-юми июн дар нашрияи расмии кишвар - “Ҷумҳурият” ба нашр расида, ҳукми иҷро пайдо кард.
“Дар атрофи гулхан ва бо тарсу шубҳа”. Баъди боздошти 4 гумонзад ҳам сокинон дар Конибодом навбатдорӣ мекунанд
Имсол муҳоҷирати занони тоҷик ба Русия кам шудааст
Заҳролудшавии 4 узви як оила аз дуди ангишт дар Душанбе
Субҳон Ҷалилов: “Журналист бигзор якрав бошад, аммо бесавод набошад!”
Акнун аҳолӣ барои гирифтани маълумотномаи доғи судӣ изи ангушт месупоранд. Боз барои чӣ изи ангушт мегиранд?
Аз 14 рақам танҳо 5-то посух дод. Телефонҳо барои эълони кор дар хориҷа чӣ гуна кор мекунанд?
Эмомалӣ Раҳмон паёми имсолаашро дар бинои нави парлумон ироа мекунад
Дар миёни мусофирони ҳавопаймои суқуткардаи "Azerbaijan Airlines" ду зодаи Тоҷикистон ҳам будаанд
Аз кори мақомоти қудратӣ то ришвахории додрасҳо. Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2024 кадом ниҳодҳоро танқид кард?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Иллати ҳақиқӣ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста