Вазорати маориф ва илми кишвар лоиҳаи қарор дар бораи истифодаи воситаҳои техникӣ дар мактабҳоро таҳия мекунад, ки дар сурати судури он, мамнӯъияти беш 16-солаи истифодаи телефонҳои мобилӣ дар мактабҳо лағв мешавад.
Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон рӯзи 1-уми август дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод, ки ниҳоди зери тобеъаш ҳоло лоиҳаи наверо омода мекунад, ки баъди қабули он истифодаи планшетҳо ва дигар воситаҳои техникӣ барои хонандагон иҷоза мешавад.
“Дар чорчӯби татбиқи лоиҳаи мазкур ба Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” тағйирот ворид мешавад. Мутобиқи тағйирот ба қонун, хонандагон метавонанд ҳангоми дар муассисаи таълимӣ будан аз воситаҳои техникӣ васеъ истифода баранд”, - гуфт вазири маориф.
Ба гуфтаи вазир, тасмими мазкур дар асоси таҷрибаи кишварҳои пешрафта гирифта шудаааст.
Наврӯзи Мирзо, сухангӯи Вазорати маориф ва илм ба “Азия-Плюс” шарҳ дод, ки дар қатори “воситаҳои техникӣ” телефонҳои мобилӣ, планшет ва нотбукҳо дохил мешаванд ва истифодаи интернет ҳам пешбинӣ шудааст.
“Аммо истифодаи ҳамаи воситаҳои техникӣ дар сурате имконпазир аст, ки аз хидматрасониҳои гуфтугӯӣ ва ба дарс нолозим худдорӣ шавад. Ба хонандагон иҷоза дода мешавад, ки аз китобҳои электронӣ истифода баранд, аудиоҳоро гӯш кунанд ва наворҳои марбут ба дарсашонро бубинанд”, - таъкид кард сухангӯи Вазорати маориф ва илм.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин замина ҳама китобҳои дарсӣ барои хонандагони синфҳои 1 то 11 дар шакли электронӣ таҳия гардида, дар сомонаҳои зертобеи Вазорати маориф ва илм ҷой дода шудаанд, то хонандагон тавонанд аз онҳо самаранок истифода баранд.
Бояд гуфт, ки сар аз соли 2007 бо фармони вазири маориф ва илми кишвар бо телефони мобилӣ ба мактаб омадани хонандагон ва истифодаи он дар дохили мактабҳо манъ карда шуд.
Аммо ин фармони вазир ба таври бояду шояд амалӣ нагардид ва моҳи марти соли 2009 вакилони палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон лоиҳаи ворид намудани тағйироту илова ба Қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”-ро тасдиқ карданд, ки тибқи муқаррароти он, истифодаи телефонҳои мобилӣ дар муассисаҳои таълимӣ қонунан мамнӯъ эълон шуд.
Ин тасмими мақомот миёни ҷимеа назарҳои гуногунро ба миён оварда буду то ҳол ҳаст. Қисме аз падару модарон мехоҳанд, ки фарзандонашон дар раванди дарс аз телефонҳои мобилӣ истифода баранд ва иддаи дигар бар ин назаранд, ки телефонҳо ба кӯдакон зарар доранд.
"Шуълаи орзу". Филми мустанад дар бораи ҷавоне, ки мушкилиҳои зиндагӣ ӯро қаҳрамон кард
Истаравшан шаҳри умумиҷаҳонии ҳунармандӣ шуд. Ин шаҳр бо чӣ машҳур аст?
Ду медали Тоҷикистон дар мусобиқоти ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
“Мехост хонаи давлатиро хусусӣ кунад” Ҷузъиёти боздошти роҳбари дастгоҳи шаҳри Истиқлол
Парлумони Тоҷикистон тартиби соддакунии ҳамлу нақли борро бо Ӯзбекистон тасдиқ кард
“Пул надоштам”. Милитсияи пойтахт навори ҷузъиёти ҳамла ба ронандаи “Як такси”-ро нашр кард
Нашри китоб дар бораи таърихи ҷанги шаҳрвандӣ ва корномаи Эмомалӣ Раҳмон бо забони арабӣ дар Миср
"Ба ихроҷ омода шавед". Дар Русия амалиёти “Нелегал-2024” мегузарад
Боздошти сардори Идораи беҳдошти замини Абдураҳмони Ҷомӣ бо гумони заминфурӯшӣ
Як сокини Қубодиён барои қасди куштори ҳамсараш 16 сол равонаи зиндон шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста