Додгоҳ сокини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон  Абдумумин Ҷӯрақулзодаи 29-соларо ба 22 соли зиндони низомаш шадид маҳкум кард. Ӯ дар содир намудани ҷиноятҳои суиқасд ба куштор ва роҳзанӣ (тамаъҷӯӣ) гунаҳкор эътироф шуд.

Тавре ки ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз додгоҳи вилоят хабар дод, Ҷӯрақулзода шаби 14 ба 15 декабри соли гузашта ба ҳамсояи худ дарафтодааст.

“Ҷӯрақулзода бо ниқоб ва корд даст ба хонаи ҳамсояи худ Абдурасул Усанов ворид шуа, 500 ҳазор сомонӣ пул талаб кардааст. Вақте ки соҳибхона ин талабашро иҷро накарда, бо ӯ ҷанҷол мекунад, муяссар мешавад, ки ниқобро кашад ва Абдулмумин Ҷӯрақуловро шиносад”, - гуфтанд дар додситонӣ.

Ба иттилои манбаъ, барои пинҳон кардани ҷинояти худ Ҷӯрақулзода ба ҷисми Усанов бо корд якчанд зарба мезанад.

Зикр шуд, ки ҷинояткор хаёл мекунад, ки Усанов ҳалок шудааст ва аз ин рӯ, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад.

“Лекин ҷабрдида ба беморхона бистарӣ шуда, табибон ҳаёти ӯро наҷот доданд, - мегӯяд манбаъ. - Баъди ба худ омадан Усанов баёнот дода, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ Абдумумин Ҷӯрақуловро дастгир карданд”, - илова кард манбаъ.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.