Мақомоти Покистон аз 14-уми августи соли равон пардохти ҳақ ё боҷҳои раводид барои шаҳрвандони 126 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистонро бекор карданд. Дар ин бора сомонаи “Visasnews” хабар медиҳад.

Ба шаҳрвандони кишварҳое, ки дар рӯйхат ҳастанд, раводиди сайёҳӣ ва тиҷоратӣ барои муҳлати 90 рӯз дар давоми як шабонарӯз ройгон дода мешавад. Ҳамчунин, барои онҳо раванди супоридани ариза барои дарёфти виза содда карда шуд.

Ба ин рӯйхат ҳамаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо, баъзе давлатҳои Ховари Миёна, ҳамаи кишварҳои Осиёи Марказӣ- Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Туркманистон дохил мешаванд.

Покистон ҳамчунин, барои шаҳрвандони Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Уммон ва Қатар дарёфти виза пеш аз сафарро пурра лағв кардааст ва шаҳрвандони ин кишварҳо метавонанд раводидро ҳангоми расидан ба Покистон, бо нишон додани шиноснома, ройгон дарёфт кунанд.

Гуфта мешавад, ки дар анкетаи нави онлайнӣ барои дархости виза ҳам сабукӣ ҷорӣ гардида, акнун барои 100 саволи пешина 30 савол пешниҳод мешавад.

Онҳо метавонанд, ки пас аз муроҷиати онлайн тавассути портали расмии Nadra раводиди ройгон дарёфт кунанд.

Бодя гуфт, ки сарвазири Покистон Шаҳбоз Шариф дар моҳи июли соли ҷорӣ гуфта буд, ки раводиди онлайнӣ ба соҳибкорон, сармоягузорон ва сайёҳон аз 126 кишвар дар давоми 24 соат дода мешаванд.

Ба гуфтаи сарвазири Покистон, “ин сабукии низоми визавӣ ба ҷалби сармоягузорӣ ва сайёҳӣ ба Покистон мусоидат хоҳад кард”.

Ёдовар мешавем, ки ҳоло миёни Тоҷикистон ва Покистон парвозҳои мустақим амал мекунад (шурӯъ аз 27-уми июни соли 2024) ва он дар як ҳафта як маротиба дар рӯзи панҷшанбе тавассути ширкати ҳавопайии “Сомон Эйр” сурат мегирад. Парвоз аз Душанбе соати 10:30 ба вақти маҳаллӣ ва парвози бозгашт аз Исломобод соати 13:30 сурат мегирад.

Зимнан, Шаҳбоз Шариф баъди интихоб шуданаш ба маснади сарвазирии Покистон 2-юми июл ба сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад ва баъди мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон миёни ду кишвар Созишномаи шарикии стратегӣ ва боз чанд санади нави ҳамкорӣ имзо шуданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.