Зимни сафари Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон ба Тоҷикистон ва мулоқоти ӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон миёни ду кишвар Созишномаи шарикии стратегӣ ва боз чанд санади нави ҳамкорӣ имзо шуданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раиси ҷумҳури Тоҷикистон, аз чумла санадҳои нави зерин имзо шуданд:
- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Покистон барои солҳои 2025-2026;
- Протоколи нияти ҳамкорӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати федералии корҳои баҳрии Ҷумҳурии Исломии Покистон дар бораи густариши ҳамкорӣ дар содирот ва воридоти молҳо ва маҳсулоти саноатӣ;
- Созишнома оид ба ҳамкории илмӣ байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Покистон;
- Харитаи роҳ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Ҷумҳурии Исломии Покистон;
- Ёддошти тафоҳуми иловагӣ байни Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маъмурияти авиатсияи граждании Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба хизматрасонии алоқаи ҳавоӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (Душанбе, Тоҷикистон) ва Донишгоҳи Панҷоб (Лаҳор, Покистон);
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ байни Федератсияи крикети Тоҷикистон ва Шурои крикети Покистон.
Ёдовар мешавем, ки Шаҳбоз Шариф дирӯз, 2-юми июн, бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон омад ва ин аввалин сафари хориҷии ӯ аст.
Норасоии кадрҳо, набудани идея ва “рӯйхати сиёҳ” дар ТВ. Раиси нави Кумитаи телевизион ва радио мушкилиҳои соҳаро гуфт
Вазорати фарҳанг дастурамали тавсиявии либосҳои миллӣ барои мардону занонро омода кардааст
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста