Хазинаи Швейтсари оид ба фаъолияти зидди минаҳо (Swiss Foundation for Mine Action, FSD), ки дар Швейтсария макон дорад, ташкилоти ғайридавлатӣ буда, барои безараргардонии майдони минаҳои дар замин мавҷудбуда ва муҳимоти ҷангии нотаркида махсус гардонида шудааст, то одамон тавонанд ояндаи хуби худро созанд.

Ин ташкилот лоиҳаҳои башардӯстонаро оид ба безараргардонии минаҳо ва муҳимоти ҷангии нотаркидаро дар Тоҷикистон амалӣ менамояд ва дарстраскунандагони воситаҳои нақлиётии поёнзикрро барои лоиҳаи мазкур, ҷустуҷӯ менамояд:

а) 4 адад – воситаи нақлиётии ҳамаҷогарди 4х4 (Toyota Land Cruiser)

б) 1 адад - воситаи нақлиётии ёрии таъҷилии 4х4 (Toyota Land Cruiser)

с) 1 адад - воситаи нақлиётии боркаши тамғаи КАМАЗ

Иштироккунандагони савдо дар асоси талаботи поёнзикр пешниҳодҳои худро манзур менамоянд:

Пешниҳодҳо тавассути почтаи электронии ([email protected] ё [email protected]) ирсол ё дар лифофаи маҳкамкарда шуда ба дафтари кории FSD, дастраскарда   мешаванд.

Суроға: Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кучаи  Қурбон Раҳимов  иморати 6/8, гузаргоҳи 2.

Пешниҳодҳо фақат дар сурати тавоссути почтаи электронӣ ирсол намудан ё дастрас намудан шахсан тавоссути хаткашон қабул карда шуда, эътибор доранд.

Мӯҳлати ниҳоии (охирин) пешниҳодҳо: Соати 9:00 пагоҳии 23 августи соли 2024.

Пешниҳодҳои манзургардида бояд бо забони англисӣ  тартиб дода шаванд.

Пешниҳодҳо бояд возеъ ба эълони мазкур, бо нишондоди шахси иштироккунанда дар савдо ва мӯҳлати охирони додани пешниҳод  марбут бошанд.

Пешниҳодҳо то 31 августи соли 2024 эътибор дорад.

Кабули дархостҳо рӯзи  24 августи соли 2024, соати 9:00 дар дафтари кории Душанбе FSD баргузор мегардад.

Ғолиб 25 августи соли 2024 тавоссути почтаи электронӣ эълон карда мешавад.

ШАРТҲОИ УМУМӢ

1. Мӯҳлати амали шартнома-  аз 1 сентябри соли 2024 т 31 марти соли 2026
2. Пешниҳодҳое, ки  тавассути нашри  ё тариқӣ хаттии дастӣ иншо мегарданд бояд аз тарафи  шахси ваколатдори ҳуқуқии иштирокчии савдо ҳатман имзо карда шавад
3. Иштирокчии савдо бояд каталог ё дигар нишондоди техникии махсуси марбутаро пешниҳод намояд.
4. Иштирокчии савдо метавонад барои хариди яклухти пешниҳодгардида ё қисмҳои алоҳидаи  а, б, ва с  дархост пешниҳод намояд.
5. Эълони мазкур фақат барои воситаҳои нақлиётӣ бе ронанда  хос мебошад. Агар музди меҳнати ронанда ба арзиши воситаи нақлиётӣ илова карда шуда бошад, он гоҳ ин арзиш дар сатри  алоҳидаи пешниҳод  нишон дода мешавад.
6. Агар  сарфи маблағ барои таъмири техникӣ ва суғурта ба нархи воситаи нақлиётӣ дар пешниҳод илова гардида дошад, онгоҳ  сарфи миёнаи хароҷот бо самтҳои манзургардида дар пешниҳод бояд возеъ нишон дода шаванд.
7. Дар пешниҳод нарх бо доллари ИМА нишон дода мешавад.
8. Нархҳо бояд бо назардошти ҳама намуди андозҳо ва боҷҳо ҳисоби гардад.
9. Шарти маблағгузорӣ: маблағгузори  бо сомонӣ, бо эквивалентии доллари ИМА, ҳангоми пешниҳоди суратҳисаоби бонкии тиҷоратӣ, тариқи ғайринақдӣ -ирсоли бонкӣ ё нақдӣ ёанҷом дода мешавад
10. Шарти дастраскунонӣ: воситаи нақлиётӣ бояд то 01 сентябри соли 2024 бояд дастрас карда шавад.


БАҲОИ ПЕШНИҲОД:

Ҳангоми баҳодиҳӣ фақат пешниҳодҳое, ки дар вақти муқарраргардида ворид гардидаанд,  ба эътибор гирифта мешаванд. Пешниҳодҳое, ки дар вақти муқарраргардида ворид гардидаанд, беэътибор дониста мешаванд.

Пешниҳодҳои гирифташуда, аз тарафи FSD дар асоси критерияҳои зерин баҳогузорӣ мегардад:

-Нархи беҳтарин оид ба пешниҳоди характеристикаи техникӣ

-Вақти дастраскунӣ

-Ба кор андохтан (ҳангоми зарурат)

Ҳангоми боя ягон сабаб талаботҳои иҷора қатъ карда шавад, аз итирокчии савдо ягон чиз талаб, дархост ё ситонида намешавад.

Ҳамаи масъалаҳои ба вуқуъ омада вобаста ба иҷрои супоришҳои мазкур, агар бо роҳи мусолиҳа-муомила ҳал карда нашавад, ҳатман ба души суди ҳуқуқии Женева гузошта мешавад.

Талабот ба воситаҳои нақлиётӣ:

Қисми А: 4 адад – воситаи нақлиётии ҳамаҷогарди 4x4 

Қисми Б: 1 адад – воситаи нақлиётии ёрии таъҷилӣ 4x4 

Қисми В: 1 адад – воситаи нақлиётии боркаши КАМАЗ

Талаботҳои умумӣ:

a.  Воситаи нақлиётӣ дар давраи амали шартномаи иҷора бояд ба қайд гирифта шавад. Ҷавобгарӣ  барои ба қайд гирифтан ба уҳдаи иштирокчии савдо вогузор аст.
б. FSD  барои таъмири ночизи воситаҳои нақлиётӣ, таъмири ҷорӣ, таъмири нуқсон новобаста аз хурдашавии хос, ҷавобгари дорад.
c. Нӯсонҳои техникие, ки баъди 2 моҳи  давраи иҷора ба амал меояд аз тарафи фурушанда бартараф карда мешавад.  
д.  Ҳамаи чархҳои воситаҳои нақлиётӣ ( бо иловаи чархи иловагӣ), бояд дар шароити хуби корӣ қарор дошта бошанд,  давраи коршоям гардидани  онҳо набояд аз 6 моҳ кам набошад.
e. Иштирокчиёни савдо ёдрас кунонида мешаванд, ки  воситаҳои нақлиётӣ корӣ буда дар шароити вазнини саҳроӣ истифода карда мешаванд  

Қисми А:  4- воситаи нақлиётии ҳамаҷогарди 4x4 

Воситаи нақлиётӣ бояд Toyota Land Cruiser тамғаи type 76/78 ё ба ин монанд бошад. Модификация ва характеристики техники бояд поёнзикрро дар худ дошта бошад:

На камтар аз 5 ҷои нишасти ҷиҳозонида  ва ҷои бор ҷоёгиркунии ғунҷоишаш калон.

а) Бо радиостансияи  УВК ҷиҳозонидашуда  (Радиостансияи тамғаи Motorola)-ро имкони пайвасткунӣ дошта бошад.
б) Модели бештар нав ё истеҳсоли соли 2010, моделҳои нисбатан кӯҳна бо  тахфиф қабул мегарданд..
в) Музди меҳнати ронанда  ба назар гирифта намешавад.
г) Сарфи ҳисоби миёнаи моҳонаи пешниҳодшаванда барои хизматрасонии техникӣ. 
ғ) Воситаи нақлиётӣ бо иловаи  суғурта ва бақайдгирӣ.


Қисми Б: 1 адад – воситаи нақлиётии ёрии таъҷилӣ  4x4 

Воситаи нақлиётии мазкур бояд дорои 13 ҷои десантии Toyota Landcruiser силсилаи 78- ё ба ин монанд, ки барои истифода дар соҳаи тиб ва барои ба дигар ҷой интиқол додани одамон   модификатсия гардида бошад.

Модификатсия/ характеристикаи техникӣ, бояд поёнзикрро дар худ дошта бошад:

a. Бо носилкаи тиббӣ муҷаҳаз бошад.
b. Бо баллони кислороди тиббӣ  ва танзимкунандаи он муҷаҳаз бошад.
c. Бо такягоҳи мустаҳками сахт ва тасмаи бехатарӣ   муҷаҳаз бошад.
d. Фарши устувор ва  мустаҳкакардашуда
e. Сирена ва чароғи махсуси нишонавӣ
f. Модели соли 2010 года ё ки нав.
g. Бо радиостансияи УВК ҷиҳозонидашуда (Радиостансияи тамғаи Motorola)-ро имкони пайвасткунӣ дошта бошад.

Қисми C: 1 адад – воситаи нақлиётии КАМАЗ

Воситаи нақлиётии вазнинбори механикии 4х4 бо характеристикаи техникии поёнзикр:

а) Воситаи нақлиётӣ бояд барои бардоштани бори вазнин (то 8 тонна) имконият дошта бошад
б) Вазнбардории кранаш бояд то як тонна бошад (палитраи стандарти европогӣ).
в) Имконияти гузариш бо ҷойҳое, ки роҳи дуруст надоранд бо занҷираи то 50 см
г) Оснащен УКВ-радиостанцией (идеально совместимой с радиостанциями типа Motorola).
ғ) Диапозони имконпазири истеҳсоли давраи солҳои 2009 то 2024

Телефони тамос, барои гирифтани маълумоти иловагӣ:  +992 888 00 88 99