Зоҳир Муминзода, раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон, ки ба латукӯби як сарбози Кӯшунҳои сарҳадӣ муттаҳам мешавад, дар пайи интиқоди шадиди Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз вазифа барканор ва аз мақомоти додгоҳӣ ронда шуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо нафароне, ки ба вазифаҳои нав дар мақомоти судӣ, додситонӣ, Вазорати мудофиа, Агентии зиддифасод, Вазорати маориф ва илм, Маркази тадқиқоти стратегӣ ва якчанд ниҳоди назди ҳукумат таъин шуданд, ба кирдори раиси додгоҳи Шамсиддини Шоҳин таваҷҷуҳ карда, онро сахт интиқод кардааст.
“Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба рафтори ношоиста ва ғайриоинномавии раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлон Зоҳир Муминзода, ки нисбати сарбози Қушунҳои сарҳадӣ дар постгоҳи назоратӣ ба худ раво дидааст, таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад”, - навишт ин манбаъ.
Бояд гуфт, дар бораи ҳодисаи мазкур аввалин маротиба Радиои Озодӣ бо такя ба манобеи худ ду рӯз пеш, 16-уми июл, хабар дода, навишт, ки додрас Зоҳир Муминзода ба он гумонбар аст, ки 8-уми июл як сарбози Нерӯҳои марзбониро дар гузаргоҳи назоратии “Дараи об” (барои пурсидани ҳуҷҷати тасдиқкунанда) бо мушт задааст.
Гузаргоҳи “Дараи Об”, ки баҳс онҷо шудааст, дар марз бо Афғонистон ҷойгир шуда, ҳамзамон аввалин гузаргоҳ аз пойтахту вилояти Хатлон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст. Ва чанд вақти охир барои убури ин гузаргоҳ аз сокинон ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият пурсида мешавад.
Ба иттилои ин расона, баҳс миёни сарбоз Фирӯз Атовуллоев ва раиси додгоҳ низ вақте сар задааст, ки аз ӯ хостаанд, нафари ҳамроҳи додрас буда шиносномаи худро нишон диҳад.
“Раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо як ҳамроҳаш ба посгоҳ меояд ва ҳуҷҷати худашро нишон медиҳад. Вақте сарбоз аз ҳамроҳи раиси додгоҳ ҳуҷҷат мепурсад, ӯ ҳуҷҷаташро нишон намедиҳад ва раиси додгоҳ аз мошин фаромада, сарбозро ду-се мушт мезанад. Сарбоз ҷароҳат мебардорад. Ҳамон вақт дигар сарбозони дар посгоҳ буда, онҳоро халос мекунанд. Нисбати ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст, аммо зидди додрас ё судя парванда боз шудааст ё не, ҳоло маълум нест”, - нафишта буд Радиои Озодӣ бо такя ба иттилои як ҳамсӯҳбаташ.
Ба навиштаи ин расона, лаҳзаи латукӯби сарбоз дар камераҳои назоратӣ сабт шудааст. Дар наворҳои сабтшуда дида мешавад, ки Зоҳир Муминзода аз мошин фаромада сарбозро бо мушт мезанад.
Аммо талошҳо барои суҳбат бо Зоҳир Муминзода бенатиҷа будааст.
Бояд гуфт, Зоҳир Муъминзода, соли 2017 бо фармони президенти Тоҷикистон раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин таъин шуда буд.
Файзалӣ Идизода раиси парлумони Тоҷикистон шуд
HRW аз Русия даъват кард, ки бегонаситезиро маҳкум ва аз ҳуқуқи муҳоҷирон ҳимоя кунад
Ҳамла ба “Крокус”. Додгоҳи шаҳри Маскав муҳлати ҳабси чор гумонбари дигарро тамдид кард
“Давраи беҳтарин дар корномаи касбӣ”. Раиси парлумоне, ки зиёд интиқод мешуд, ҳисобот дод
Тағйироти кадрӣ. Чанд сафир, муовини вазир ва ректори донишкадаҳо нав шуданд
Зеристгоҳҳо Тоҷикистону Қирғизистонро бо хати ягонаи интиқоли барқ мепайванданд
Доналд Трамп ва Владимир Путин дар дуввумин суҳбати телефонии худ чӣ гуфтанд?
Ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти хӯрока ба муносибати ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон. Дар куҷо ва нарх чӣ гуна аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 марти соли 2025
Бозёфте, ки дар замони худ нагунҷид. Ёде аз овозхони маъруф Олим Бобоев
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста