Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон (ВКД) бо гузашти беш аз 6 моҳ кушторҳои пайдарпайи пурсарусадо ва гаштугузори шахсони ниқобпӯш дар шаҳри Конибодомро шарҳ дод ва гуфт, “ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқаррарӣ аст”.
Абдураҳмон Аламшозода, муовини якуми вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ВКД имрӯз, 8-уми август, гуфт, дар Конибодом дар маҷмӯъ, 4 куштори оилавӣ сурат гирифтааст, ки 2 ҳолаташ ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад ва гумонбарони он дастгир гардида, “парвандаи ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”.
“Аз 3-4 кушторе, ки дар шаҳри Конибодом содир шудааст, 3 ҳолаташ ошкор шудааст. 2 ҳолати куштор ба муноқишаи оилавӣ рабт дорад. Ин кушторҳо дар оилаи Умаровҳо ва Шариповҳо рух додааст. Ин доираи оила аст ва аллакай, парвандаҳои ҷиноятӣ дар марҳалаи ба додгоҳ ирсол кардан аст”, - гуфт Аламшозода.
Номбурда илова кард, ки “вобаста ба ду куштори дигар, ки дар оилаи Ахмедовҳо ва Ибрагимовҳо содир шудааст, гурӯҳи кории тафтишотии мақомоти корҳои дохилӣ ва Додситонии кул кор карда истодаанд ва ба хотири сири тафтишот ҳоло ҳамаи ахборотро намедиҳем”.
Ӯ гуфт, баъди баррасии пурраи парвандаи ҷиноятӣ гузориш пешниҳод мекунанд.
Вале нагуфт, ки дар пайи ин кушторҳо дар маҷмуъ чанд нафар кушта шуданд ва чанд нафар дар маҷмуъ боздошт гардидааст.
Муовини якуми вазири корҳои дохилӣ дигар ҷузъиёти бештар надод ва танҳо гуфт, ки “дар онҷо дигар ягон ҳангомаи зиёдатӣ нест, кушторҳои муқарарӣ аст”.
Ба суоли он ки чаро дар авҷи сарусадоҳо дар робита ба куштор ВКД изҳорот ё иттилое нашр накард, Аламшозода гуфт, шахсан ҳамчун муовини якуми вазири корҳои дохилӣ ба ҷойи ҳодиса рафт, бо аҳли зиёи шаҳри Конибодом дар ду ҷамоат вобаста ба ҳолатҳои куштор мулоқот карда, тамоми маълумотро ироа намуд.
Ӯ зикр кард, мардум аз ҳодисаҳо бохабаранд ва намедонад, ки чаро атрофи ин ҳодиса ҳангома зиёд шудааст.
Ёдовар мешавем, ки аз оғози сол то моҳи май ҳодисаҳои куштори пайдарпайи пурсарусадо дар шаҳри Конибодом рух дод, ки ҷомеаро дар ҳолати тарс қарор дод.
“Азия-Плюс” бо такя ба манбаъҳои худ хабар дода буд, ки дар ин муддат 5 куштори оилавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 15 нафар кушта шуданд. Ҳамчунин, дар пайи ин кушторҳо нигарониҳо аз гаштугузори шабонаи одамони ниқобпӯш зиёд гардид ва бархе наворҳо аз гуштугузори шахсони ниқобпӯш дар шабкаҳои иҷтимоӣ нашр шуда буд. Сокинон нигаронанд, ки бо гузашти 6 моҳ натанҳо ин кушторҳо ошкор нашуданд, балки мақомот шарҳе намедиҳад.
Қаблан, талошҳои мо барои дастрас кардани шарҳи масъулини мақомоти корҳои дохилии кишвар бенатиҷа буд.
Зимнан, як ҳафта пеш Абдусалом Тӯхтасунзода, шаҳрдори Конибодом, хабари гаштугузори сиёҳпӯшони ниқобдорро дар деҳоти ин шаҳр рад карда, вале тасдиқ намуда буд, ки дар пайи куштору ғоратгариҳои моҳҳои март, апрел ва май боз як гумонбари дигар боздошт шудааст.
Боздошти ин гумонбар ба кушторҳои дар деҳаи Санҷидзор рухдода иртибот доштааст. Аммо дар мавриди шахсияти гумонбар иттилоъ надод, танҳо гуфт, ки таҳқиқи ҳодисаҳои деҳаи Санҷидзор аз ҷониби Додситонии кул идома дорад.
“Умуман, дар шаш моҳи аввали соли равон дар шаҳри Конибодом 180 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба давраи қиёсӣ 26 адад кам аст”, - гуфт шаҳрдори Конибодом.
Қаблан, дар пайи куштори оилаи Шариповҳо, додари марҳум Ашӯров Шарифҷон аз ҷамоати деҳоти Фирӯзоба боздошт шуда буд. Вале дертар Кабир Шарифов, писари Ашӯров ба расонаҳо гуфта буд, ки “ҳафтаи гузашта аз додситони шаҳри Конибодом хабар доданд, ки бегуноҳии падарам собит шудааст ва иттиҳоми “қотил” нисбати ӯ бекор гардидааст.
Вале Абдусалом Тӯхтасунзода дар нишасти матбуотӣ гуфт, тафтиши парвандаи Ашӯров ба охир расида, эҳтимол рӯзҳои наздик барои баррасӣ ба суд ирсол гардад.
Аз Театри миллӣ то варзишгоҳи нав дар Душанбе. Андозсупорандагони имтиёздор дар соли 2025 муайян шуданд
Дар Тоҷикистон хушунати ҷинсӣ нисбати занҳо коҳиш ёфтааст
“Ба кишвари сеюм фиристед ё ҷазо диҳед”. СММ аз Тоҷикистон хостааст, ки афғонистониҳоро ба Толибон насупорад
Барномаи мобилии “Харитаи сайёҳии Тоҷикистон” муаррифӣ шуд. Он чӣ гуна кор мекунад?
122,6 млн сомонӣ зиёдтар аз соли равон. Маблағи Фонди захиравии Президенти Тоҷикистон дар соли 2025 муайян шуд
Аъзои ду оила. Дарёфти ҷасади 4 нафари дигар дар Конибодом
Раиси вилояти Хатлон ба сохтмони Қасри теннис дар Бохтар оғоз бахшид
Сарвазири Қирғизистон аз вазифа рафт
Маҳдудияти навбатӣ барои муҳоҷирон. Дар Волгоград табибӣ, омӯзгорӣ ва ронандагӣ ба муҳоҷирон манъ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Пандҳои паранда”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста