Кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе ронандаи таксиро дар ҳолати мастӣ аз машрубот боздошт карданд. Дар ин бора Раёсати ВКД-и пойтахт хабар медиҳад.
Нисбати сокини 35-солаи ноҳияи Тоҷикобод Ҷаҳонгир Саидов, ронандаи автомашинаи тамғаи “Киа Рио” бо моддаи 332 КҲМ Тоҷикистон (Идора намудани воситаҳои нақлиёт аз тарафи ронандагон дар ҳолати мастӣ) протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол карда шудааст.
Дар ин модда ҷарима дар ҳаҷми 300 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (21,6 ҳазор сомонӣ) ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 15 шабонарӯз бо маҳрум сохтан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.
“Мутаассифона вақтҳои охир вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, махсусан дар ҳолати мастӣ идора намудани нақлиёт, аз ҷониби ронандагони мусофирбар (таксӣ) бештар ба назар мерасанд”, - зикр мекунанд дар Раёсат.
Ҳафтаи гузашта низ Раёсат аз қонушиканиҳои таксиронҳо хабар дода буд. Дар як ҳолат роннадаи автомашинаи BYD Раҳимхон Салимов ба самти муқобили ҳаракат дар роҳ баромада, дар натиҷа ҳолати садамавӣ ба миён омад. Ин ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифта, корбарон изҳори норозигӣ карданд. Нисбати Салимов протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, ӯ ҷарима шуд.
Дар ҳолати дигар ронандаи автомашинаи тамғаи “Ҷак” Комилҷон Холов дар ҳолаи мастӣ ҳангоми идораи автомашина боздошт шуд. Сарфи назар аз машғул будан ба хидматрасонӣ ба мусофирон, ӯ дар ҳолати мастӣ мошинро идора карда, ҷони атрофиёнро зери хатар гузошт. Нисбати Холов низ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, парванда ҷиҳати баррасӣ ба додгоҳ ирсол шудааст.
Раёсати ВКД аз ронандагон даъват кардааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳро қатъиян риоя намоянд, то ки аз ҳодисаҳои нохуш пешгирӣ шуда, ҷони шаҳрвандон дар амон бимонад.
Дар нимсолаи аввали соли 2024 дар Тоҷикистон 539 ҳодисаи садамаи нақлиёт (дар ҳамин давраи соли 2023 - 492 ҳодиса) рух дода, бар асари онҳо 236 нафар ҳалок ва 570 кас ҷароҳат бардоштанд. Шумори ҳодисаву ҷабрдидагон ва ҳалокшудагон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 11,8%, 13,3% ва 22,3% зиёд шудааст.