Милитсияи шаҳри Душанбе волидайни се хонандаи мактабро барои кашидани “калян”-и электронӣ аз сӯи фарзандонашон дар мактаб то 1 ҳазору 400 сомонӣ ҷарима кардааст.
Раёсати ВКД дар пойтахт хабар медиҳад, ки хонандагон дар вақти танаффус дар ҳудуди мактаб “калян”-и электронӣ кашидаанд.
Онҳо хонандагони синфи 8-и мактаби №32-и ноҳияи Сино будаанд.
“Ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони Шуъбачаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино, дар якҷоягӣ бо роҳбарияти муассисаи мазкур ошкор ва пешгирӣ карда шуд”,-омадааст дар хабар.
Барои ин кирдор мақомот волидайн онҳоро ба милитсия даъват карда, барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак (моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон) ҷарима кардаанд.
РВКД дар пойтахт нагуфтааст,, ки онҳо чӣ қадар ҷарима шуданд. Вале банди 2-юми ин модда, ки ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку... мадҳушкунандаи дигар аз 1 ҳазору 80 то 1 ҳазору 440 сомонӣ (аз 15 то 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, -1 нишониҳанда 72 сомонӣ) ҷарима пешбинӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, ки тибқи тағйироте, ки ахиран ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид шуд, дар Тоҷикистон волидайн барои ба мактаб бурдани сигору нос, воситаҳои нашъадор ё спиртӣ қариб 1 ҳазору 500 сомонӣ ҷарима мешаванд.
Агар ин кирдор такроран содир шавад, аз 2 ҳазору 160 то 2 ҳазору 520 сомонӣ ҷарима татбиқ карда мешавад.
Дар Конститутсияи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва демократия чӣ гуфта шудааст?
“Рӯйхати сиёҳ”-и Русия. Посух ба муҳимтарин саволҳо инҷост
Ифшои маълумоти махфӣ дар Исроил, изҳороти Пизишкиён, аввалин ҷанги сарбозони Корея дар Курск, интихоб миёни Трамп ва Ҳаррис
Дар Душанбе давраҳои омӯзишии ройгон оид ба эҷоди муҳтавои расонаҳо ва мубориза бо дурӯғпароканӣ оғоз шуд
“Занат аз болои ту шикоят кард, талоқаш деҳ!”. Милитсия ба шикояти занон аз зӯроварӣ чӣ гуна вокуниш мекунад?
Таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба ҷалби сармоягузории Фонди кувайтии рушд ба иқтисоди Тоҷикистон
Се шаҳрванди Покистон барои фурӯши сиккаҳои қалбакӣ дар Тоҷикистон боздошт шуданд
Эҳсони Панҷшанбе мавсими ояндаро дар Ӯзбекистон мегузаронад
Муҳаққиқи рӯзгори шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва фарҳангии тоҷик. Академик Аҳрор Мухторов 100-сола шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Масҷиди меҳмонкуш”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста