Масъулини ҳукумати вилояти Суғд гуфтанд, ки вилоят нақшаи даъват ба хидмати ҳарбиро 80% иҷро кардааст. Музаффар Юнусзода сухангӯи раиси вилояти Суғд ба “Азия-Плюс” гуфт, то ҳол 20 ҷамоати деҳоти вилоят нақшаи даъватро пурра иҷро кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дар ҳудуди вилоят танҳо ноҳияи Шаҳристон нақшаро иҷро 100% карда, шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Спитамен, Панҷакент, Гулистон, Истиқлол ва Исфара дар марҳалаи иҷрои нақша қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки қаблан хабар дода мешуд, ки шаҳри Панҷакент, ҷамоатҳои деҳоти Воруху Чоркӯҳ, Навгилем Лакон ва шаҳраки Шуроби шаҳри Исфара нашқаи даъвати ҳарбиро пурра иҷро кардаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар рӯзи аввали маъракаи даъвати тирамоҳии ҳарбӣ ВМКБ, ноҳияҳои минтақаи Рашт ва вилояти Хатлон нақшаро пурра иҷро карда буданд.
Ҳоло маълум нест, ки нақшаи даъват дар тамоми кишвар чанд дарсад иҷро шудааст.
Мақомот иҷрои нақша дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват “афзоиши ихтиёриён ба сафаи Қувваҳои мусаллаҳ, пешниҳоди имтиёзҳо ба даъватшавандагон ва дуруст ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар арафаи маъракаи даъват ба сафи артиши Тоҷикистон” арзёбӣ мекунанд.
Аммо коршиносон мегӯянд, ба маротиб кам будани теъдоди даъватшавандагон дар баъзе шаҳру ноҳияҳо ва барвақттар оғоз намудани маъракаи даъват аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ сабаби аслии дар рӯзҳои аввали маъракаи даъват ба артиш пурра шудани нақша мебошад.
Дар Тоҷикистон солҳои охир, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ яке аз мушкилоти мубрам ба ҳисоб меравад, ки қариб ҳамасола дар замони даъвати баҳориву тирамоҳӣ аксу наворҳо аз “сарбозшикор”-и мақомот расонаӣ мегардад.
Дар Тоҷикистон ҷавонон метавонанд хидмати ҳарбиро бо пардохти маблағ адо намоянд. Хидмати ҳарбии пулакӣ чист ва чӣ гуна метавон онро адо кард, дар ин матлаби мо хонед.
"Аз таҳти дил ва самимӣ месароид". Ёде аз Нигина Рауфова, маъруфтарин сарояндаи сурудҳои халқӣ
Тавсеаи ҳамкориҳои “Саноатсодиротбонк”-и Тоҷикистон бо Бонки содиротиву воридотии Арабистони Саудӣ
“Почтаи тоҷик” баъди як соли танаффус интиқоли нома ва бастаро ба Русия оғоз кард
Қарзи хориҷии Тоҷикистон дар зарфи 3 моҳ 87 млн доллар кам шуд
Тобистони муфид барои кӯдакон: MediaLAB Asia+ барои наврасон барномаи таълимӣ роҳандозӣ мекунад
Назорат тариқи телефон. Дар шаҳр ва вилояти Маскав ба телефони муҳоҷирон замимаи мобилии махсус насб мекунанд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии картошкаи ҳосили нав оғоз шуд. Имсол он 20% камтар кишт шудааст
Рустам Ятимов беҳтарин дарвозабони мавсим дар Ҷоми Русия эътироф шуд
“Имрӯз ҷасадҳоро ба Ватан меоранд”. Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик дар садамае дар Қазоқистон
Чаро бонкҳои кишвар асъори хориҷии каме нуқсондоштаро қабул намекунанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста