Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон аз марги як шаҳрванд дар боздоштгоҳи полис хабар дода, изҳори нигаронӣ кардааст, ки дар пайи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз нагардидааст.

Ба иттилои манбаъ, тахминан соати 10:00-и рӯзи 12-уми марти соли 2025 се корманди Шӯъбаи ВКД дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе, бо ҳамдастии ҳамкорони худ аз Кӯлоб, Сафархон Ҳасановро дар маркази савдои “Ғайрат”-и шаҳри Кӯлоб боздошт карданд.

Ин боздошт бидуни шарҳи сабабҳо сурат гирифтааст. Пас аз муддате нигоҳ доштан дар Шӯъбаи ВКД Кӯлоб, ӯро ба Душанбе интиқол додаанд.

Гуфта мешавад, ки номи кормандони полис Фирӯз ва Баҳром Шарифов аст ва ҳамроҳи онҳо нафари сеюм ҳам буда, ки дар рӯйяш доғ доштааст, вале ҳувияташ маълум нест. Наздикони Сафархон Ҳасанов аз боздошти ӯ ба воситаи шоҳидон огоҳ шуданд.

Ба навиштаи Эътилоф, ҳамон бегоҳ тақрибан соати 22:00 ба хонаводаи Ҳасанов хабар дода шуда, ки ӯ бар асари “сар задани сактаи қалб ҳангоми бозпурсӣ” фавтидааст. Аммо боздошти ӯ расман ба наздиконаш тасдиқ нашуда буд.

Рӯзи 13-уми март, писарони марҳумро кормандони пулис ба сардхонаи беморхонаи "Шаҳраки Шифобахш" бурда, ҷасади падарро нишон додаанд.

“Дар он ҷо онҳо ҷасади падари худро бо аломатҳои зӯроварӣ диданд: осори захм дар ҷасад ва ҷароҳатҳои гуногун дар қисматҳои гуногуни бадан, аз ҷумла пойҳо. Ҳамаи ин пайҳоро пайвандон бо аксу навор сабт кардаанд”, - менависад Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ.

Манбаъ меафзояд, пас аз ин ҷасадро ба хона бурданд ва ба хок супурданд. Дар маросими дафн намояндагони додситонӣ ва пулис ҳузур доштаанд.

Қабл аз боздошт, ба қавли манбаъ, Ҳасанов бо худ телефони мобилӣ ва 12 ҳазор сомонӣ пули нақд доштааст, вале баъди марги ӯ танҳо либосҳояш баргардонидаанду бас.

Оилаи Ҳасанов ба Додситонии кул, Вазорати корҳои дохилӣ, шаҳрдории Душанбе ва Дастгоҳи иҷроияи президент шикоят кардаанд. Аризаҳо 18-уми март, 28-уми март ва 14-уми апрели соли 2025 пешниҳод шуданд. Аммо парванда ба Додситонии ноҳияи Исмоили Сомонӣ ирсол гардида, ба гуфтаи Эътилоф, аз оғози парвандаи ҷиноӣ “бинобар набудани таркиби ҷиноят” худдорӣ шудааст.

Назари пайвандони Сафархон Ҳасанов ба “Азия-Плюс” маълум нест ва ба таври мустақилона санҷидаи ин иттиҳомот ба мо муяссар нашуд.

Мақомоти Тоҷикистон ин ҳодисаро расман шарҳ надодаанд.

Дар ҳамин ҳол, Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба оилаи Ҳасанов кумаки ҳуқуқӣ расонида, вакили мудофеъ таъмин намудааст ва барои таҳқиқи қазия талош дорад. Эътилоф тақозо дорад, ки гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар боздошт ҷон додани шаҳрвандон дар Тоҷикистон бори аввал нест, ки расонаӣ мешавад. Ахиран як афсари пешини полис дар марги як шаҳрванд дар ҳолати боздошт айбдор, баъди 8 сол боздошт ва ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.