Тоҷикистон яке аз иштирокчиёни ҳамла ба толори консертии “Крокус Сити Холл” - Умедҷон Солиевро ба ҷустҷӯи байнулмилалӣ дод. Дар ин бора хабаргузории ТАСС бо истинод ба вакили дифоъ Игор Трунов, ки аз манфиатҳои ҷабрдидагон ҳимоят мекунад, иттилоъ медиҳад.
Тибқи фарзияи тафтишот, Солиев ҳамлагаронро бо силоҳ таъмин кардааст. Вакили дифоъ гуфтааст, дар Русия ӯ ба руйхати террористон шомил гардида, дар Тоҷикистон ба содир намудани ҷинояти роҳзанӣ гумонбар дониста мешавад.
Ба гуфтаи Трунов, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон 9 нафарро зери ному насаб ва лақабҳои гуногун, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд, мавриди пайгард эълон кардаанд.
“Зубайдулло Исмоилов қаблан дар Тоҷикистон барои даъватҳои оммавӣ ба тағйир додани сохти конститутсионӣ маҳкум шуда буд. Ному насаби дигарон ба хотири халал нарасонидан ба рафти тафтишот ифшо намешаванд”, - илова намудааст вакили дифоъ.
Қаблан аз маводи парванда маълум шуд, ки Солиев, Исмоилов ва Гадоев барои иҷрокунандагони ҳамла ба “Крокус” аз Доғистон силоҳи оташфишон оварда, ба дасти яке аз онҳо месупоранд.
Трунов зикр кардааст, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия ҳамаи иштирокчиёни мавриди пайгард эълоншуда дар доираи парвандаи ҷиноятӣ, аз ҷумла бародраи иҷрокунандаи бевоситаи амали террористӣ - Муҳаммадсобир Файзовро ба ихтиёри Русия дода метавонанд. Файзови калонӣ, ки мақомоти Русия ҷустуҷӯ доранд, то эълони пайгард дар Туркия зиндагӣ мекард.
Бино ба маълумоти тафтишот, ӯ узви созмони террористии манъшудаи “Давлати исломӣ” мебошад. Иштирокчиёни бевоситаи ҳамла Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин, ки қаблан дар Тоҷикистон барои содир намудани ҷинояти марбут ба дахолатнопазирии ҷинсӣ маҳкум шудааст, то ҳамла ба толори консертӣ дар вилояти Маскав чанд муддат дар хонаи бародари Муҳаммадсобир Файзов иқомат доштаанд.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 4 август мурофиаи додгоҳии парванда нисбат ба 19 нафар иштирокчиёни амали террористӣ оғоз мегардад.
Ҳамлаи террористӣ ба толори консертии “Крокус Сити Холл” дар Красногорски вилояти Маскав рӯзи 22 марти соли 2024 сурат гирифта, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафар осеб диданд. Пас аз амали террористӣ чор нафар иҷрокунандагон - шаҳрвандони Тоҷикистон - Муҳаммадсобир Файзов, Далерҷон Мирзоев, Саидакрам Раҷабализода ва Фаридуни Шамсиддин кӯшиш карданд, ки пинҳон шаванд, вале дар қаламрави вилояти Брянск боздошт ва ба Маскав интиқол дода шуданд.





Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон як муштзани тоҷик ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт
Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Сардор ва Қурбонбонгулӣ Бердимуҳаммадовҳо дар Ашқобод
Ҷоми Осиё U-17: 16 даста муайян шуд ва Тоҷикистон дар сафи беҳтаринҳо аст
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Пайи по”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста