Душанбе. 15-уми июн. «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти Қазоқистон шаҳри Остона бо раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао мулоқот намуд.
«Боиси қаноатмандӣ аст, ки имрўз хислати фарқкунандаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин сатҳи баланди ҳамгироӣ ва боварӣ мебошад», - изҳор дошт дар оғози суҳбат Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ху Ҷинтао омодагии устувори ҷониби Чинро ба дастгирии рушди ҳамаҷонибаи кишвари мо таъкид намуда, изҳор дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Мардумии Чин имсол барои мусоидат ба рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон, дар баробари дигар тадбирҳои судбахш, 120 миллион юан кўмаки бебозгашт ҷудо мекунад.
Ҷониби Чин, ҳамчунин пешниҳод намуд, ки соли 2012 ба муносибати 20 – солагии барпошавии муносибатҳои дипломатӣ бо Тоҷикистон чорабиниҳои зиёди идона дар ҳарду кишвар ба роҳ монда шаванд.
Дар мулоқот атрофи ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияту мудофиа, иқтисод ва савдо, сармоягузорӣ, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва ғайра гуфтугўйи судманд сурат гирифт.
Аз сатҳи баланди ҳамгироии миёни сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Тоҷикистону Чин, аз ҷумла доир ба пурзўр намудани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Ҳамгироии Тоҷикистону Чин дар чаҳорчўби Созмони ҳамкории Шанхай низ боиси қаноатмандӣ арзёбӣ гардид. Тазаккур дода шуд, ки лоиҳаҳои сершумори калонҳаҷм дар соҳаҳои энергетика ва нақлиёту коммуникатсия, ки дар Тоҷикистон татбиқ мегарданд, самараи ҳамгироӣ дар чаҳорчўби ҳамин созмони бонуфузи минтақавӣ аст.
Хотиррасон гардид, ки имрўз беш аз 50 ширкати чинӣ дар Тоҷикистон фаъолияти пурсамар дорад ва мубодилаи молу маҳсулот миёни ду кишвар дар зарфи 5 соли охир 14 баробар афзоиш ёфтааст. «Чин дар миёни шарикони хориҶии тиҷоратии Тоҷикистон пешсаф буда, аз ҷиҳати ҷалби соҳибкорони хусусӣ бузургтарин сармоягузор ба иқтисоди кишвари мо ба шумор меравад», - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.
Густариши ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла доир ба ҷорӣ намудани таҷрибаи обёрии қатрагии заминҳои корам ва сарфакорона истифода бурдани захираҳои обӣ зарур шумурда шуд.
Аз ҷониби Чин изҳор гардид, ки ба наздикӣ барои баррасии муфассали ин масъала Вазири кишоварзии ин кишвар ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард.
Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика, саноат ва нақлиёту коммуникатсия изҳори ҳавасмандӣ карданд. Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба авзои сиёсии минтақа ва ҷаҳон ва дигар мавзўъҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2025
Чӣ хел рӯза дорем ва чӣ онро мешиканад? Посух ба 10 суоли муҳим дар робита ба моҳи Рамазон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 марти соли 2025
Тоҷикон кадом намуди мошинҳоро меписанданд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2025
Воридоти гӯшт аз Беларус ва Қазоқистон метавонад нархи онро поин кунад?
Модар фаришта аст... Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2025
Ҳаяҷону шодӣ, тақдими туҳфаҳо ва хандаҳои самимӣ. Иқдоми “Модарони мо” чӣ гуна гузашт?
Омори занон дар “Роғун”, ҳиссаи занон дар дар фазои сиёсӣ ва тақдими “Шоҳнома”. Эмомалӣ Раҳмон дар ҳузури бонувон боз чӣ гуфт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста