Душанбе. 7-уми июл. «Азия-Плюс» — | Зимни боздид аз минтақаи озоди иқтисодии Арванди Эрон дар мусоҳиба ба маҷаллаи маъруфи эронии «Aghaz» сафири Тоҷикистон дар Эрон Давлаталӣ Ҳотамов изҳор доштааст, ки дар дурнамои наздик Тоҷикистону Эрон ҳамкориҳоро дар бахши сохтмону робитаҳои ҳавоӣ метавонанд густариш диҳанд.

Дар мусоҳибаи мазкур диломати тоҷик дар бораи вазъи кунунии муносиботи дуҷонибаи Эрону Тоҷикистон ибрози андеша намуда, ба суолҳо перомуни бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, саноат, фарҳанг ва сайёҳӣ посух гуфтааст.

Сафир ба масоили сохтмони роҳҳо, омодасозии кадрҳои ҷавон ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони истиқлолият таваҷҷӯҳи хосса зоҳир сохтааст.

Д.Ҳотамов дар бораи бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон маълумот дода, изҳор доштааст, ки табиати зебову кӯҳсорон ва шаҳрҳои таърихии Тоҷикистон сайёҳонро аз Эрон, Чин, Русия, Қазоқистон, кишварҳои араб ва дигар мамлакатҳо ҷалб месозанд.